Дар Норак ду корманди бахши тиб барои азхудкунии беш аз 530 ҳазор сомонӣ гумонбар шуданд

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду корманди як муассисаи тиббии шаҳри Норак хабар дод, ки ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми беш аз 530 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, парванда нисбат ба сармуҳосиби муассиса С. Боев ва мудири анбори кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштии шаҳр М. Ядгоров оғоз шудааст.

Тибқи тафтишоти пешакӣ, гумонбарон дар солҳои 2022–2025 дар умум 530 ҳазору 50 сомонӣ маблағҳои буҷетиро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо аз худ кардаанд. Гуфта мешавад, ин маблағҳо дар ҳисоботҳо ҳамчун пардохтҳои иттифоқи касаба ва суғуртаи кормандон нишон дода шуда, баъдан ба суратҳисоби яке аз гумонбарон гузаронида шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ки ин маблағҳо бо ҳамдастии ду тараф аз худ карда шудаанд. Назари гумонбарон дар робита ба ин иттиҳомот маълум нест.

Оҷонсии зидди фасод инчунин нагуфтааст, ки онҳо боздошт шудаанд ё не. Парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаҳои марбут ба азхудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакории хизматӣ ба суд ирсол шудааст. Дар асоси ин банди қонун ба гумонбарон аз ҷарима то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Skip to toolbar