fbpx

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҷмааи нави истиқоматӣ сохта мешавад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз саҳифаи Фейсбукии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе

Шаҳрдории Душанбе кӯшиш дорад, то нархи маҳсулотро ба эътидол оварад

Дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат» ва «Деҳқон» ярмаркаҳои доимо амалкунанда оид ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ба кор оғоз намуданд, хабар додаанд дар шаҳрдории Душанбе.

Гуфта мешавад, бо супориши раиси шахр дар ярмаркаҳое, ки то охири сол ҳамарӯза фаъолият мекунанд, масоили нархгузорӣ, сифати маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда, меъёрҳои беҳдоштӣ ва бехатарии истеъмоли маҳсулот қатъиян риоя мешаванд. Дар дастгоҳи раиси пойтахт гуфтанд, ки ба наздикӣ ташкили чунин ярмаркаҳо дар дигар нуқтаҳои шаҳр низ дар назар аст.

Нақшаи даъват дар кишвар 80 дар сад иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар 20 рӯзи мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш нақша беш аз 80 дарсад иҷро шудааст, хабар додааст Фариддун Маҳмадализода, сухангуи ин ниҳод. Ба гуфтаи ӯ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи иҷрои нақша ба пуррагӣ баромадаанд. Дар вилояти Суғд 67 дарсад, вилояти Хатлон 79 дарсад ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 91 дарсади нақша пур шудааст.

Дар Тоҷикистон соле ду бор ҷавонони синнни даъватро ба ратиш ҷалб мекунанд. Сокинон пайваста аз даъват ба артиш аз роҳи зур шикоят мекунанд.

Рузхои наздик ба Точикистон аз Чин боз як ваксинаи дигар меоранд

Дар рӯзҳои наздик ҳукумати Чин 150 ҳазор воя  ваксинаи CoronaVac -и ширкати Sinovac-ро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад, гуфтааст роҳбари Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров. Ба гуфтаи вай, масъалаи ворид гардидани ваксина дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ҳалли худро ёфтааст.

“Пас аз гирифтани ваксина, эмгузаронӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ оғоз мешавад, чун ваксиназанӣ холо танхо дар Душанбе мегузарад. Пеш аз хама кормандони тиб ваксина мегиранд”, – гуфтааст Ҷаъфаров. Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки айни замон масъалаи таъминот бо ваксинаи русии Sputnik-V дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҷмааи нави истиқоматӣ сохта мешавад

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе дар бораи лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи биноҳои нави истиқоматии баландошёна ба ҷойи хонаҳои дуошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр, қаламрави Водонасосная), ки тахриб мешаванд, маълумот дод.

Дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хайём маҷмааи биноҳои истиқоматӣ бо ҷойгир кардани муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад, хабар дода мешавад дар саҳифаи “Архитектура Душанбе” дар Facebook. Як манбаи “Азия-Плюс” дар Сарраёсати мазкур хабар дод, ки ангораи лоиҳа бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7 апрел (№195) аз ҷониби тарроҳон (дизайнерон)-и ватанӣ таҳия шудааст.

Лоиҳа дар ҷойи хонаҳои истиқоматии кӯҳна, ки дар тарафи рости чорроҳаи мавзеи Водонасосная ҷойгир аст, амалӣ мешавад. “Пас аз чорроҳаи Водонасосная ба самти “Душанбе арена” якчанд хонаҳои дуошёна ҷойгиранд, ки муҳлати истифодаашон ба охир расидааст. Онҳо тахриб (кӯчонида) мешаванд”, – иброз дошт манбаъ.

1050 солагии Абурайҳони Беруниро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн мегиранд

1050-солагии зодрӯзи олим ва файласуф Абу Райҳони Берунӣ дар солҳои 2022-2023 бо иштироки ЮНЕСКО ба таври васеъ таҷлил карда мешавад. Ин тасмимро Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва Туркия дар иҷлосияи 211 кабул кард.

Моҳи ноябри соли равон ин масъала барои тасдиқ дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Париж пешниҳод карда мешавад. Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ як донишманди бузурги асрҳои миёна буд, ки ба хайси як таърихшиноси байнифарҳангӣ маъруф буд ва дар бораи системаҳои гуногуни тақвимӣ, таърихи ҳокимон, қаҳрамонон, рӯйдодҳои сиёсӣ, фарҳанг, анъана ва ахлоқ тадқиқотҳо анҷом додааст.

Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон аз ММД-и кишвар зиёд шуд

Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаи Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли равон ба ҳудуди 88,3 млрд сомонӣ (7,8 млрд доллар) расид, хабар додааст Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Ба ин тариқ, қарзи ташкилоту корхонаҳо дар соли 2020 ба андозаи 33% ё худ 22 млрд сомонӣ (қариб 2 млрд доллар) афзуд.

Ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта 4,5% – то 82,5 млрд сомонӣ (7,3 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Корхонаҳои зиёновар бо шумули ШСКХ “Барқи тоҷик”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” дар номгӯйи “корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ” зикр шудаанд.

Ҳукумат ҳанӯз соли 2019 ба Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend