“Уральские авиалинии” аз Перм ба Бохтару Кӯлоб парвоз мекунад
Ширкати ҳавоии “Уральские авиалинии” барои анҷоми парвозҳо аз шаҳрҳои Перм ба Кӯлоб ва шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)-и Тоҷикистон дар мавсими нав иҷозатнома ба даст овардааст. Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоӣ рӯзи 11-уми март дар ин бора қарор содир намуд. Мувофиқи иҷозатномаи мақомоти Русия, ҳамакнун ин ширкат ҳақ дорад ҳафтае се парвоз миёни шаҳрҳои Перми Русия ва Кулобу Бохтари Тоҷикистон анҷом диҳад. Аммо ин танҳо иҷозат ба парвоз аст ва дар ҷадвали парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” ҳанӯз парвозҳо дар ин масир пайдо нашудааст. Марзи Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз баста боқӣ мемонад, чун дар паи пандемияи коронавирус парвозҳои мунтазам аз 19-уми марти соли 2020 қатъ шудаанд.
Русия гуфтааст барои азсаргирии парвозҳо ва кушодани марз нахуст мутахассисони тибби ин кишвар бояд вазъи эпидемилогии Тоҷикистонро бисанҷанд. Рӯзе қабл сафири Русия хабар дод, ки ба зудӣ мутахассисони вогиршинос ба Тоҷикистон меоянд, аммо аз санаи дақиқе ном набурд.
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи ками гирифторшавӣ ба коронавирус аввал шуд, хабар медиҳад Кумитаи омори Иттиҳод.
“Байни кишварҳое, ки аҳолиашон аз коронавирус камтар сироят ёфтаанд, Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт. Ҷои дувум Ӯзбекистон ва севумро Қазоқистон соҳиб шуданд. Шумораи зиёди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Арманистон, Молдова ва Украина ба қайд гирифта шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон аз авалҳои январ ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Бино бар омори ахир, дар кишвар 13 308 нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 13 208 кас аз он шифо ёфтаанд. 90 кас қурбони коронавирус шуданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои СУТ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 114,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, 2,5 миллион аз он фавтидаанд.
Як сар гову гӯсола ба оилаи сегоникҳои Данғара
Ҳукумати ноҳияи Данғара ба як оилае, ки охиран соҳиби сегоникҳо шудааст, як ҷуфт гови ширдеҳ туҳфа кардааст. Рӯзномаи “Тоҷикистон” навиштааст, ҳукумати ноҳияи Данғара ба Зулҳия Буттаева дар Рӯзи модар як сар гову як гӯсола тӯҳфа кардааст. Зулҳия Буттаева, модари 35-сола сокини деҳаи остонаи ҷамоати Лолазор 7-уми декабри соли равон сегоник ба дунё овард.
Сегоникҳо як писару ду духтар мебошанд. Волидони ин тифлакон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ менамоянд. Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон ба чанде аз хонаводаҳое, ки якбора чор тифл ба дунё оварда буданд, хона туҳфа карданд ваё ваъдаи сохтмони хонаро додаанд. Ба ҳисоби миёнаи бозор, имрӯз арзиши як сар гову гӯсола 500-600 доллари амрикоӣ нарх дорад.
Саидҷаъфар Усмонзода: маблағи хидмати пулакӣ ҳангуфт аст, зӯри ҳама намерасад
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намудааст, ки то имрӯз чанде аз донишҷӯёни хатмкунандаи макотиби олӣ бо ин масъала ба ӯ муроҷиат кардаанд.
Ба онҳо интихоб лозим – як сол хизмати ҳарбиро адо кардан ё бо пардохти пул як моҳ гузаштан аз хизмати ҳарбии эҳтиётӣ. Айни замон 25 ҳазор сомонӣ маблағи пардохт барои хизмати эҳтиётӣ баррасӣ мешавад, лекин ин ҳоло ҳадди ниҳоӣ набуда, то охири март ҳукумат дар ин бора ба хулосаи ниҳоӣ мерасад.
“Дар мактабҳои олӣ ба онҳо аллакай эълон кардаанд, ки ин маблағ аз 25 то 28 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод, – гуфт вакил. – Хатмкунандагон ҳайронанд, ки аз куҷо ин қадар пул меёбанд ва кӣ ин маблағи имрӯз барои Тоҷикистон ҳангуфтро фикр карда баровардааст”.
Ба ақидаи ӯ, маблағи пардохт барои хизмати ҳарбӣ набояд аз 2-4 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, “ба мисле, ки дар Ӯзбекистон муқаррар шудааст”.
Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.
Раиси вилояти Суғд: Аз таърифкуниҳо махсусан дар телевизион парҳез кунед
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласае бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ба шуморе аз рӯзноманигорони шимоли кишвар туҳфаву диплом, медалу унвонҳои соҳаваӣ ва ҷоизаи рӯзноманигорони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ супурда шуд, аз рӯзноманигорон даъват кард, ки интиқод ҳам бикунанд.
Аҳмадзода аз он интиқод кард, ки рӯзноманигорон аз таърифкуниҳо, махсусан дар телевизион парҳез кунанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо рӯзноманигорони расонаҳои чопиву электронии Суғд, ахиран аз барномаҳои якрангу мадҳгӯйи зиёди телевизионҳо интиқод кард. Зоҳиран ишораи Аҳмадзода ба ягона телевизинони давлатӣ дар минтақа, телевизиони “Суғд” буд. “Баъдан ба телевизион таъриф ҳам даркор нест. Имрӯз телевизиони вилоятиро дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он мебинанд”,-гуфтааст Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд мегӯяд, аз танқиду гуфтаҳои рӯзноманигорон ранҷидан лозим нест. Вай гуфт, фақат беғаразона баҳодиҳӣ кунем ва воқеиятро бигӯем басанда аст. Бино ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода мақомот бо ҳама намуди расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунад, ки барои пешрафти ҷомеъаи демократӣ аст.
Илҳом Ҷамолиён, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, имрӯз беҳуда Раҷаббой Аҳмадзода аз таърифкуниҳои зиёди рӯзноманигорон дар барномаҳои телевизионӣ интиқод накард, балки худи мақомот низ аз чунин барномаҳо дигар мондаю хаста шудааст.