Дар наздикии Душанбе як бесарнишин ба замин афтодааст

Дар шаҳраки Шарораи Ҳисор, дар панҷкилометрии шаҳри Душанбе як паҳпод (дрон)-и калонҳаҷм, ки бештар ба ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ шабоҳат дорад, афтодааст.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳодиса рӯзи 3-юми декабр дар кӯчаи ба номи Карим Девонаи шаҳраки Шарора, дар наздикии минтақаи аҳолинишин, рух додааст.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, “ягон кас ва ягон хона зарар надид”.

Ба нақли онҳо, ҳавопаймо ба симчӯби барқ бархӯрда, ба замин задааст.

Дар наворҳо дида мешавад, ки алангаи оташ дар ҷойи ҳодиса намоён аст.


Маъмурони полису низомиён гирди ҷойи ҳодисаро ҳалқа гирифтаанд.

Нозирони роҳ дар шаҳраки Шарораи Ҳисор тасдиқ кардаанд, ки “дар фосилаи тақрибан 1 ё 2 километр як паҳпод суқут кардааст ва онро бор мекунанд”.

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Skip to toolbar