Дар натиҷаи даргирӣ дар марз бо Қирғизистон боз як сарбози тоҷик кушта шуд

Моҳи гузашта сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар сарҳад оши оштӣ хӯрда буданд.


Акс: Азия-плюс

Миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз боз низоъ ба амал омад, ки дар натиҷаи он як сарбози тоҷик ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сокинони деҳаи Чоркӯҳ дар Фейсбук иттилоъ доданд.

Ба гуфти сокинони деҳаи наздимарзии Чоркӯҳ ба ғайр аз ин дар ин даргирӣ боз ду сарбоз ва чанд нафар сокинони осоишта низ захмӣ шудаанд.

Тибқи маълумотҳо сарҳадбонони Қирғизистон ба минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳ гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Ин амал байни марзбонони баҳс барангехтааст, ки сарҳадбонони қирғиз ба тарафи марзбонони тоҷик оташ кушодаанд, сарҳадбонони тоҷик низ маҷбур шуданд, ки ба онҳо ҷавоб диҳанд.

Тавре Азия плюс хабар медиҳад дар бемористони марказии Исфара маҷрӯҳ шудани марзбонон ва афроди осоиштаро тасдиқ кардаанд.

Тавре ҷониби Қирғизистон менависад аз ҷониби онҳо ягон нафар захмӣ нашудааст ва талафот низ нест. Аммо онҳо марзбонони тоҷикро дар сар задани ин низоъ гунаҳкор мекунанд.

Моҳи гузашта сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар марз байни ҳам футбол ташкил карда оши ошти низ хӯрда буданд ва ба якдигар ваъда дода буданд, ки дигар ба чунин низоъҳо роҳ намедиҳанд.