Дар муноқишаи шаби гузашта як сарбози тоҷик кушта шудааст

Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани як сарҳадбони тоҷикро дар муноқишаи марзии шаби гузашта тасдиқ карданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Зоир Саидумарови 27-сола сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буда, ба наздикӣ муҳлати хизматаш ба анҷом мерасид.

Ҷасади сарбозро нисфирӯзии имрӯз дар зодгоҳаш дафн карданд.

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, гуфтааст, маросими дафни марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шуд. Ба гуфти раиси ноҳияи Дӯстӣ , дар маросими дафн намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.

“Рафта, изҳори ҳамдардӣ кардем. Падараш аз дунё гузашта будааст. Ду бародараш дар Русия ҳастанд. Маросими видоъ ҳангоми намози пешин шуд, баъди он боз мадад мекунем,” – гуфтааст, раиси ноҳияи Дӯстӣ.

Ба қавли ӯ, Зоир Саидумаров дар даъвати баҳории соли 2020 ба хидмат рафта буд ва ин шабу рӯз муҳлати хидматаш ба поён мерасид.

Пештар гуфта буданд, дар тирпарронии шоми 12 апрел сержант, Зоир Саидумаров, аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдаасту вазъияташ вахин аст. Ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби чаҳор тир хӯрдан табибон натавонистанд, Саидумаровро аз марг наҷот диҳанд.

Шоми 12-уми апрел дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд тирпарронӣ ба амал омад.

Ба нақли шоҳидон, “марзбонони Қирғизистон луқмапартоӣ кардаанд ва дар натиҷаи баҳси лафзӣ тирпарронӣ сурат гирифтааст.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар эъломияе гуфтааст, ки гуё сарҳадбонони тоҷик “бо вуҷуди ин ки низомиёни қирғизро диданд, ҳаракатшонро ба самти хатти шартии марз идома доданд”.

Дар хабар омадааст, гуё сарҳадбонони тоҷик “талаби марзбонони қирғизро нодида гирифта”, тахминан “20 метр ба дарунтари сарҳади Қирғизистон ворид шуданд”. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, “бо ҳадафи огоҳ кардан ба ҳаво тир кушоданд” ва дар ҷавоб гуё марзбонони тоҷик “ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд. Дар пайи музокира тирпаронӣ хотима ёфт”.

Имрӯз, 13 апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи марзии навбатӣ дар сарҳад баргузор гардид. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки неруҳои марзбонии ҳарду ҷониб аз хати марз пас гирифта мешавад.

Дар изҳороти мақомоти иҷроияи вилояти Суғд омадааст, ки “айни замон вазъ дар сарҳад муътадил буда, сокинон ба зиндагии осоиштаи худ идома медиҳанд. Вазъ зери назорати мақомоти қудратии ду тараф қарор дошта, қувваю воситаҳои иловагӣ ба ҷойи доимӣ баргардонида шуд”.

Skip to toolbar