logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар муноқишаи хонандагони ду мактаби пойтахт як наврас захмӣ шудааст

Сабаби муноқиша баҳс бар сари хариди кабӯтар будааст.

Your tj

16:5516.01.2026

Дар муноқишаи хонандагони ду мактаби пойтахт як наврас захмӣ шудааст

Рӯзи 13 январ дар шаҳри Душанбе миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 123 ва 129 занозанӣ рух додааст.

Радиои Озодӣ менависад, ҳардуи ин мактабҳо дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир буда, ҳодиса баъди анҷоми соатҳои дарсӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Ба гуфтаи як манбаи Озодӣ, сабаби муноқиша баҳс бар сари хариди кабӯтар будааст. Дар ҷараёни занозанӣ бархе аз наврасон аз корд истифода кардаанд, ки дар натиҷа як хонандаи мактаби рақами 129 ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Мудири мактаби рақами 129 гуфтааст, ки аҳволи хонандаи захмбардошта хуб буда, ҷароҳати ӯ вазнин нест.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд, ки вобаста ба ин ҳодиса ҳадди ақал як хонанда боздошт шуда, чанд нафари дигар мавриди бозпурсӣ қарор доранд. То ин дам Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе қазияро расман шарҳ надодааст.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон наврасон муноқишаҳои пурсарусадо мекунанд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 ноябри соли 2025 дар пайи ҷанҷоли наврасон дар Душанбе як навраси 16-сола ба ҳалокат расида, як нафари дигар захмӣ ва 15 нафар боздошт шуда буданд. Ҳамчунин, шаби 11 январи соли ҷорӣ дар ҷанҷоли гурӯҳии наврасон дар шаҳри Кӯлоб варзишгари 19-сола Муҳаммадалӣ Саъдуллоев кушта шуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

1 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

5 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

8 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ