Лимит бозгашт

Дар минтақаҳои Тоҷикистон бе огоҳӣ аз лимит интиқоли барқро қатъ мекунанд

Дар Суғд маҳбусони авфшударо бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунанд

Масъулони идораи шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, барои маҳбусони афвшуда ҷойи кор фароҳам мекунанд.

Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд гуфт, ҳоло руйхати 560 нафарро дастрас намудаанд, ки бар асоси қонуни афви имсола аз маҳбас озод шудаанд.

Нодирӣ таъкид намуд, ки барои бо шуғл фаро гирифтани афвшудаҳо корбарӣ мекунанд.

“Ин ҳанӯз рӯйхати ниҳои нест ва эҳтимол то поёни соли ҷорӣ шумора тағйир ёбад. Идораҳои шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳар як нафари онҳо барои бо шуғл, ё касбомӯзӣ ва ё аз кӯмакпулӣ бархурдор шуданашон корбарӣ мекунанд”, – изҳор дошт ӯ.

Масъулини идораи шуғли аҳолӣ дар Суғд мегӯянд, ҷойи корӣ барои ашхоси бекор дар заминаи соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, роҳсозӣ, хизматрасонии нақлиёт ва ба ин монанд идораҳо фароҳам оварда мешавад, ки аз 400 то беш аз 1600 сомонӣ маош доранд.

Инчунин дар марказҳои таълимӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ташкил карда мешавад.

Дар вилояти Суғд давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2597 нафар бекор аз 1 миллиону 73 ҳазор сомонӣ кумакпулии давлатӣ гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон ҷазо барои пиёдагардон пурзӯр мешавад

Додситонии кулли Тоҷикистон аз порлумони кишвар хостааст, ҷазо барои қонуншиканӣ аз тарафи пиёдагардон дар роҳҳои мошингузар пурзӯр карда шавад. Бар асоси тағйироти нав ба қонун, барои гузаштан аз болои гулзорҳои канори роҳ ҳам акнун муҷозот пешбинӣ мешавад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки рӯзи 11-уми октябр масъалаи сахттар кардани ҷазо барои пиёдагардонро баррасӣ кардааст. Аксаран ронандагон шикоят мекунанд, ки пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз роҳ қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, вале бештар ронандаҳо ҷазо мегиранд.

Дар хабари палатаи поёнии порлумон омадааст, “пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор медиҳанд.”

Масъалаи дигаре, ки мақомотро нигарон кардааст аз болои роҳҳои сетабақа ё эстакада гузаштани сокинон мебошад. Ба гуфтаи масъулин, сокинон дар вақти убур аз чунин роҳҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода кунанд. Дар Душанбе феълан ду эстакада дар маҳаллаҳои 82 ва назди беморхонаи маъруф ба “Қарияи боло” мавҷуд аст.

Дар минтақаҳои Тоҷикистон бе огоҳӣ аз лимит интиқоли барқро қатъ мекунанд

Дар минтақаҳои Тоҷикистон қатъи сартосарии интиқоли неруи барқ оғоз ёфт. Дар ин бора сокинони як қатор шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Турсунзода, Кӯшониён, Рӯдакӣ, Восеъ, Ҳамадонӣ ва ғайра хабар медиҳанд.

Интиқоли барқ рӯзона – аз соати 8-и субҳ то соати 17 ё 18-и бегоҳ қатъ мешавад.

Дар бораи ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит чизе гуфта намешавад. Дар ШСХК “Барқи тоҷик” баъзан қатъ шудани интиқоли барқро ба баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ барои омода кардани хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои иқтидорашон гуногун ба мавсими зимистон вобаста медонанд.

Соли гузашта низ дар мавсими тирамоҳ дар минтақаҳо интиқоли барқ қатъ гарида, он замон ҳам сабаби онро ба баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон нисбат медоданд. Бо кадом сабабе ин корҳо на дар фасли тобистон, балки маҳз дар тирамоҳ гузаронида мешаванд.

Нуҳ моҳи охир дар Хатлон 75 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд

Аз оғози соли равон дар вилояти Хатлон 75 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре ки аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки аз оғози сол барои сохтмон ва таъмири иншооти тиббӣ 54,9 млн сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, 75 иншооти низоми тандурустӣ – 5 беморхона, 5 дармонгоҳ, ки 4-тоаш дар деҳот сохта шудааст, 56 бунгоҳи тиббӣ, 4 коллеҷи тиббии хусусӣ, 3 дармонгоҳ (клиника)-и хусусӣ ва 1 маркази хусусии солимӣ мебошад.

“Бо вуҷуди чунин ҳаҷми сохтмон, то имрӯз 51 муассисаи тиббӣ бинои мустақили худро надорад ва дар ҷойҳои гуногун, аз ҷумла хонаву мактабҳо ҷойгир шудааст”, – изҳор дошт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ 11 шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

Skip to toolbar