fbpx

Дар миёни камбағаливу марг. Чӣ тавр тоҷикистониёнро ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунанд

Чаро тоҷикон мисли пештара ба Русия мераванд, дар ҳоле ки хатари дар ҷанги бегона қарор гирифтанашон вуҷуд дорад.


1
1 point
Чӣ тавр тоҷикистониёнро ба ҷанги зидди Украина мефиристанд
Муаллифи акс: Repcak, махсус барои Your.tj

Баъди оғози ҷанг низ муҳоҷирати тоҷикистониён ба Русия кам нашуд. Ҳатто бо дарки он ки метавонанд дар хатти фронт қарор гиранд, то ҳол барои кор ба ин кишвар мераванд, вагарна оилаҳои онҳо дар Ватан чизе барои хӯрдан намеёбанд.

Бархе аз онҳо бар ин боваранд, ки “Русия ба мо нон медиҳад”, аз ин рӯ, мо бояд Путинро дастгирӣ кунем. Дигарон эътироз мекунанд, ки “нон бо меҳнат ба даст меояд ва беҳуда дода намешавад” ва аз ин рӯ, ба ҷанги ҷинояткорона ва бефоида ҳамроҳ шудан маънӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия бо ҳар баҳона муҳоҷиронро ба фронт мефиристанд.

Дар ин ҷо кариб ягон мард намондааст

Ноҳияи Ҳисор бо Душанбе ҳаммарз аст. Он яке аз ноҳияҳое ба шумор меравад, ки ангурпарварӣ тараққӣ кардааст. Аммо мардоне, ки дар саҳро ё заминҳои наздиҳавлигӣ кор мекунанд, дар ин ҷо кам ба назар мерасанд. Бештар занон ё наврасон ба корҳои саҳро машғуланд. Баъзан бо мардони миёнсол вохӯрдан мумкин аст, ки онҳо маъмулан ба рухсатӣ омадаанд, то ба падару модар ё ҳамсарашон дар таъмири хона ёрӣ расонанд.

Дар хонаи Аловиддин Муҳриддини 47-сола танҳо занону кӯдакон ба сар мебаранд. Мардон кайҳо боз дар ин ҷо нестанд, ки ба ин дари рахнашуда ва майдоне, ки қариб пурра ҷавкорӣ шудааст, гувоҳӣ медиҳад.

Ҷасади Аловиддинро ҳанӯз моҳи феврал ба зодгоҳаш деҳаи Чуқурак оварданд. Ӯро аз зиндони вилояти Москва ба ҷанг фиристодаанд.

Хешовандон кӯшиш мекунанд, ки дар бораи сабабҳои адои ҷазо ҳарф назананд, вале қайд мекунанд, ки Аловиддин тақрибан тамоми умрашро дар маҳбас сипарӣ кардааст.

“Муносибати Аловиддин бо ҳама бад шуд, бо зану фарзандонаш, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, қариб ки муошират намекард. Фақат бо бародарону хоҳаронаш гап мезад. Ӯ инсони хуб буд, аммо вақте одам як бор ба зиндон медарояд, дигар маънои зиндагӣ дар озодиро намефаҳмад”,- мегӯяд яке аз наздикони Аловиддин.

Хешовандон намедонанд, ки Аловиддин дар куҷо кушта шудааст, аммо онҳо тахмин мезананд, ки дар наздикии Бахмути Украина будааст, зеро дар моҳи феврал “Вагнер” маҳз дар ҳамин қаламрав ҷангидааст.

Иштироки тоҷикистониён дар ҷанги зидди Украина
Муаллифи акс: Repcak, махсус барои Your.tj

Вақте намояндагони “Вагнер” ба маҳбаси онҳо рафтанд, Аловиддин қариб бе ягон мулоҳиза барои ба ҷанг рафтан розӣ шудааст. Он вақт ҳамагӣ нисфи мӯҳлати ҷазоашро адо карда буд. Ӯ аз тасмимаш ба наздиконаш хабар дода, гуфтааст, ки “дар ин ҷо бе ин ҳам аз бемории сил мемирам, то ба озодӣ баромадан зинда намемонам, аммо дар он ҷо ҳадди ақалл имкони баргаштан ба хона пайдо мешавад”.

То анҷоми ба истилоҳ шартнома бо “Вагнер” Аловиддин каме бештар аз се ҳафта вақт дошт.

Бародарони марҳум танҳо ҳангоми маросими дафн ба Тоҷикистон омаданд. Баъд ҳама боз ба Русия баргаштанд. Занони хонаводаи Аловиддин ба тақдир эътимод доранд ва дар марги хешовандашон мақомоти Русия ва ё ягон каси дигарро айбдор намекунанд.

“Мо Русияро дӯст медорем, он моро мехӯронад. Агар мо ҳоло шавҳару писаронамонро ба хона баргардонем, кӣ моро мехӯронад”,- меафзоянд занҳо.

Сазои радкунӣ шиканҷа аст

Ҳоло ба ҷои вагнериҳо намояндагони Вазорати дифои Русия ба зиндонҳо меоянд, аммо шеваҳои ҷалби маҳбусон тағйир наёфтааст.

Алӣ, маҳбуси собиқи зиндони МИ (муассисаи ислоҳотӣ) – 2 дар Челябинск мегӯяд, ки ҳоло қариб ҳамаи маҳбусонро бидуни истисно метавонанд ба ҷанг баранд. Худи ӯ тавонист аз ин сарнавишт гурезад, аммо ин танҳо як тасодуф буд.

Соли 2008 Алӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Ӯ ба 16 соли зиндон маҳкум шуда, барои адои ҷазо ба Челябинск фиристода шуд. Дар маҳбас Алӣ дар назди роҳбарият мавқеи хуб пайдо кард ва тавре худи ӯ мегӯяд, “авторитет” дошт. Гарчанде ӯ ба қавле “фаъол” шуд, ба гуфтаи Алӣ, маъмурияти зиндон ба ӯ на як бору ду бор дастур додааст, ки ба зиндониёни гапногир “дарс диҳад”.

Аз ҳамин сабаб, вай аз вохӯрӣ бо Евгений Пригожин, ки шахсан аз зиндонҳо дидан карда, ба маҳбусон озодӣ, шаҳрвандӣ ва мукофотҳои калони моддӣ ваъда медод, “шарафёб” гардид.

“Баъди сӯҳбати умумӣ бо маҳбусон, роҳбарияти минтақаҳо ӯро бо онҳое шинос мекарданд, ки нуфуз доранд, одамонро назорат карда ва силоҳ истифода бурда метавонанд.

Ман бо Пригожин шахсан ҳамчун “авторитет” вохӯрдам. Вай ба ман барои ба “Вагнер” дохил шудан 300 ҳазор рубл ва барои нест кардани техникаи ҳарбӣ 500 ҳазор рубл ва агар бо худ як гурӯҳ чамъ кунам, миллион рубл ваъда кард”,- мегӯяд Алӣ.

Ба гуфтаи Алӣ, дар ин маҳбас касеро маҷбуран ба ҷанг набурданд, аммо ҳама кӯшишро анҷом доданд, то шахс бо боварӣ чунин тасмимро бигирад. Бо ваъдаи пулу озодӣ ба боварии баъзе ҷавонони камтаҷриба даромада тавонистанд. Онҳое низ буданд, ки дар бораи ватандӯстӣ ва қарз дар назди Ватан сухан мекард. Гурӯҳеро мешикастанд…

Аз хоб хестан соати панҷи саҳар буд, ё чандин шабонарӯз тамоман бе хоб. Соатҳо зери барфу борон. Барои дилхоҳ, ҳатто хурдтарин гуноҳ, ба камераи ҷазо (ШИЗО) мефиристоданд. “Дар камераи муҷозотӣ чунон лату кӯб мекунанд, ки бе шикастани қабурғаҳо берун намешавӣ”,- мегӯяд Алӣ.

Зиндониёни тоҷик дар Русия ки ба ҷанги Украина фиристода мешаванд
Муаллифи акс: Repcak, махсус барои Your.tj

Алӣ ба чунин шиканҷа дучор нашуд, ҳарчанд ӯ дарҳол тасмим гирифт, ки ба ҷанг намеравад. Модар ба мотами фарзанди дуюмаш токат карда наметавонад.

“Бародарам дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷон дод. Модарам аз ин ашкҳо ва азобҳо сер шудааст, ӯ барои дар мотами писари дуюмаш гиря кардан тоқат карда наметавонад. Гузашта аз ин ман бояд зиндагиро оғоз кунам, бе ин ҳам аллакай нисфи умрамро дар маҳбас гузарондам”,- мегӯяд Алӣ.

Баҳори соли ҷорӣ Алӣ барои озод шуданаш ариза дод: рафтори ӯ дар маҳбас қаноатбахш арзёбӣ шуд. Ӯ ба Тоҷикистон баргашт.

Аммо то ҳол дар ин ҷо коре наёфтаам. Алӣ умедвор аст, ки худаш ва модари пирашро сер мекунад ва камбизоатӣ ӯро аз тасмими дар Челябинск гирифтааш пушаймон намекунад.

Садҳо маҳбуси тоҷикро метавонанд ба ҷанг баранд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 август дар нишасти хабарӣ гуфт, тибқи маълумоти онҳо, ҳудуди 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, ба ҷанг рафтаанд.

Дар бораи теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки феълан дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, маълумоти расмӣ вуҷуд надорад. Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки масъули муассисаҳои ислоҳӣ ҳам аст, ин масъулиятро ба Вазорати корҳои дохилӣ вогузошт. Дар ВКД иддао доранд, ки онҳо ин маълумотро бо маъмурони интизомии Русия мубодила намекунанд.

Тибқи иттилои расонаҳо то соли 2020 дар зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд. Ҳоло дақиқ нест шумораи онҳо ба чанд  расидааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 18-уми август маълум шуд, ки дар МИ-4-и шаҳри Медини вилояти Калуга зиндониёни тоҷикро маҷбур кардаанд бо Вазорати дифои Русия қарордод дар бораи фиристодан ба ҷанг бо Украинаро ба имзо расониданд. Ба гуфтаи онҳо, 150 зиндонии тоҷик метавонад ба ҷанг фиристода шаванд.

Даъвати маҷбурии зиндониёни тоҷик ба ҷанги зидди Украина
Муаллифи акс: Repcak, махсус барои Your.tj

Маҳбусе, ки аз тарси таъқиб номашро ифшо накардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дафъа на фармондеҳони “Вагнер”, балки намояндагони Вазорати дифои Русия ба зиндони онҳо омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин “маҷлис” рӯзи 11 август баргузор шуд.

Маҳбусон ҳамчунин гуфтаанд, ки 28 августи соли 2022 теъдоди зиёди маҳкумшудагон аз МИ-4, аз ҷумла беш аз 100 тоҷикистонӣ ба “Вагнер” ҷалб шуда, ба ҷанг фиристода шудаанд. Аксари онҳое, ки ба сафи артиш даъват шуда буданд, дар ҷангҳои назди Баҳмут кушта шуданд.

“Соли гузашта моро ташвиқ карда, ваъдаи имтиёзҳои зиёд доданд. Он вақт маҷбуркунии махсус вуҷуд надошт. Ин дафъа гуфтанд: хоҳед ё нахоҳед вазъият чунин аст, ки бояд ба чанг равед”,- нақл кард мард.

Пас аз дахолати сафорати Тоҷикистон вазъ дар Москва тағйир ёфт: рӯзи 28 август дар як нома ба Радиои Озодӣ маҳбусон хабар доданд, ки таҷрибаи маҷбур кардани маҳкумшудагон ба имзои қарордод бо Вазорати дифои Русия қатъ шудааст.

“…Онҳо ба назди мо омада гуфтанд, ки роҳбарони маҳбас фақат дар бораи касбу кори мо маълумот гирифтан мехоҳанд. Ба мо гуфтанд, ки танҳо шаҳрвандони Русия ба “амалиёти махсуси низомӣ” фиристода мешаванд”,- гуфта мешавад дар номаи маҳбусон.

Модари маҳбуси 31-сола, Юсуф Н. низ аз фиристода шудани писараш ба ҷанг метарсад. Ӯ тарси дар чашмонаш бударо пинҳон намекунад ва ҳар як шахси ношиноси дар назди дар салом додаро фавран ба паси хона мебарад, то зани ҷавони писари дуюмаш гапи онҳоро нашунавад.

Вай то ҳол бовар дорад, ки дар деҳа аз зан дар куҷо будани бародари шавҳарашро пинҳон кардан мумкин аст. Ба ҳамин хотир, зан хоҳиш кард, ки номи пурраи писарашро нанависем.

Юсуф низ мисли бисёре аз тоҷикони Русия барои қочоқи маводи мухаддир муҷозот шуда буд. Модар мутмаин аст, ки ба ҷавон туҳмат кардаанд.

“Падараш дар Москва ронанда шуда кор мекард ва ба садама дучор шуд. Писарам ба беморхона барои нигоҳубинаш рафт ва мехост бо пайдо шудани имкон ӯро ба хона биёрад. Дар назди шиносҳояш меистод. Ҳамагӣ чанд рӯз дар Москва буд, ки маъмурони милитсия ба манзиле, ки ӯ зиндагӣ мекард, зада даромаданд”,- мегӯяд ин зан.

Соли 2019 Юсуф барои адои ҷазо дар маҳбаси Тамбов ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Падари Юсуф баъди чанд моҳ ҳукми додгоҳ вафот кард.

“Мо пайваста бо телефон сӯҳбат мекунем. Моҳи декабри соли гузашта ӯро аз Тамбов ба Пенза интиқол доданд.

Аммо ӯ мегӯяд, дар ин ҷо вазъ хеле бад аст: маҳбусон гурусна мемонанд ва ба онҳо хеле кам об медиҳанд. Пайваста дар бораи он сӯҳбат мекунанд, ки агар онҳо ба ҷанг раванд, ҳамааш тағйир хоҳад ёфт”,- нақл мекунад модар.

Вале ҳамсояҳо бо боварӣ мегӯянд, ки Юсуф аллакай дар ҷанг аст, ӯ танҳо инро ба модараш намегӯяд.

Зиндонии тоҷик дар маҳбаси Русия
Муаллифи акс: Repcak, махсус барои Your.tj

“Ман ба Юсуф бовар дорам, вай мегӯяд, ки дар Пенза аст ва ба ҷанг намеравад. Аммо аз ӯ хавотирам. Ман ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон нома навишта, хоҳиш кардам, ки ӯро ба ин ҷо интиқол диҳанд, то боқимондаи ҳукмашро дар ин ҷо адо кунад. Аммо то ҳол ҷавоб нагирифтаам”,- мегӯяд модар.

“Аз бинӣ ва ангуштон муайян карданд”

Дар ҷанги Русия дар Украина то имрӯз чанд тан аз тоҷикистониён кушта шудаанд, маълум нест. Рӯзноманигорон мустақилона бо истифода аз манобеи боз ҳисобу китоб анҷом медиҳанд ва тибқи маълумоти онҳо, дастикам 20 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои ислоҳии Русия адои ҷазо мекарданд, дар ҷанг ҷон бохтаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон наметавонанд аз иштироки шаҳрвандони худ дар ҷанг аз ҷониби Русия ҷилавгирӣ кунанд. Ягона пешгирии онҳо ин аст, ки кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ба шахсони дар ҷанг иштирок мекарда парвандаи ҷиноятиро хотиррасон мекунанд.

“Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавассути намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии худ дар Русия пайваста шаҳрвандони моро даъват мекунад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ худдорӣ кунанд”,- гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба You.tj.

Тибқи моддаи 401(1) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – Ҷалби ғайриқонунӣ ва иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қисмҳои мусаллаҳ, даргириҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол ҷазо дода мешавад.

Аммо ин масъулият ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд ва бо шиносномаи Русия дар ин кишвар қарор доранд, дахл надорад, зеро онҳо таҳти тобеияти Федератсияи Русия қарор доранд.

Фирӯз Салимови 29-сола шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия буд. Падару модарашро барвакт аз даст дод, Фирӯз ва хоҳарашро модаркалонашон тарбия кард. Аз ин рӯ, мактабро базӯр хатм карда, ба Русия рафт. Шаҳрвандӣ гирифта, дар Екатеринбург кору зиндагӣ мекард. Аз он ҷо ба ҷанг рафт.

Танки Русия ки дар ҷанг нобуд шудааст
Муаллифи акс: Repcak, махсус барои Your.tj

Хешовандонаш дар Ҳисор дар бораи зиндагии ӯ дар Русия ва чаро ба фронт рафтани ӯ танҳо ба таври умумӣ медонанд. Аммо баъди чанд вақт ҷасади ӯро дар моҳи июл, пас аз як моҳи маргаш оварданд, то дар ватанаш ба хок супоранд.

“Чуноне ки ба мо гуфтанд, Фирӯз аз таркиши мина ба ҳалокат расидааст. Мегӯянд, ки ӯ худро ба болои мина партофтааст, то дигарон осеб набинанд. Ин дар Иди Қурбон рух додааст. Ҷасади ӯ чанд рӯзи дигар дар саҳро зери офтоби сӯзон хобидааст”,- мегӯянд наздикони Фирӯз.

Пас аз як моҳ ҷасад тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ дар тобут ба Тоҷикистон оварда шуд. Хешовандон иддао доранд, ки ӯро танҳо аз рӯи бинӣ ва ангуштонаш шинохта метавонистанд, дар натиҷаи таркиш боқимонда аъзои бадани ӯро шинохта намешуд.

Аммо ба ин нигоҳ накарда, тобутро кушоданд ва аз рӯи расму русуми мусалмонӣ пас аз шустани ҷасад, ӯро ба кафан печонда, ба хок супурданд.

“Сарбозоне, ки ҷасадро оварданд, хоҳиш карданд, ки тобутро накушоянд ва ӯро ба хона набурда фавран аз масҷид ба хок супоранд, зеро мурда бӯй кардааст. Аммо мо нахостем, ки ҷасади ӯ рӯи тахтаи чӯбини сахт хобад: мо ӯро тибқи қоидаҳои мусулмонон дафн кардем”,- мегӯянд наздиконаш.

Ҳамсари Фирӯз танҳо барои ҷаноза ба Тоҷикистон омадааст. Хешовандон мегӯянд, ки вай барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳои шавҳараш, ки ҳангоми таркиш сӯхта буданд, мешитофт.

“Ӯ гуфтааст, ки дар он ҷо ҳуҷҷатҳо, кортҳои бонкие буданд, ки тариқи он маошашро мегирифт. Вай саросема буд, ки ҳамаашро барқарор кунад, то он чизе ки ба ӯ ва фарзандонаш лозим буд, бигирад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки овозаҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон онҳоеро, ки аз ҷониби Русия меҷангиданд, маҳкум мекунанд ва аз буданаш дар ин ҷо метарсад, бо вуҷуди он ки худаш ба ҷанг нарафтааст”,- меафзоянд наздикон.

Зиндагӣ қиматтар аст, аммо на барои ҳама

Файзулло Қурбонов аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамаи писаронашро маҷбур кардааст, ки аз Русия ба Тоҷикистон баргарданд. Аммо ин тасмим бо марги яке аз онҳо –  Мақсад сурат гирифт.

Аҳли хонавода аз иштироки Мақсад Қурбонов дар ҷанг танҳо баъди маргаш хабар ёфтанд.

Ӯ дар Архангелск ҷазои 10 соли зиндонро адо мекард. Мақсад барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда буд. То ба охир расидани муҳлаташ як сол монда буд. Мақсад чӣ тавр ба фронт рафт, чаро розӣ шуд, барои падару модараш як сир боқӣ мемонад.

Акнун тарбияи чор фарзандаш бар дӯши падару модари пираш афтод. Падари Мақсад аз дидани рӯзноманигорон ба ғазаб меояд ва мегӯяд, ки аз суҳбат бо намояндагони ВАО, ки захмҳояшро мекушоянд, хаста шудааст.

“Ман бо аввалин рӯзноманигороне, ки ба маросими дафн омада буданд, мусоҳиба доштам, он вақт мардумро даъват кардам, ки ба ҷанг нараванд. Ҳоло писарам фарзандони хурдсол дорад, акнун онҳо як умр бе падар калон мешаванд, намедонем, ки умри мо чӣ қадар мондааст ва кӣ онҳоро ба по мехезонад?”,- мегуяд Файзулло Қурбонов.

Ҳоло ҳамаи писарони Қурбонов дар Тоҷикистон кор мекунанд. Ин мушкил аст, аммо падарашон дигар ба онҳо иҷозат надод, ки ба Русия баргарданд.

Аммо теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия кам намешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1,28 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷират дар Русия сабти ном шудаанд. Аксарияти онхо барои кор омадаанд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия муҳоҷират кардаанд, шояд ба 2 миллион нафар бирасад.

То охири нимаи аввали имсол 128,15 ҳазор сокини Тоҷикистон иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) доштанд. Ба 87 ҳазори дигар дар бораи додани шиносномаи Русия қарори мусбат дода шуд.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 32 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 – охирин соле, ки Бонки марказии Русия маълумот дар бораи интиқоли пул ба кишварҳои собиқ Шӯравиро нашр кард, ҳаҷми умумии интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Ҳоло маълум нест, ки аз муҳоҷирон чӣ миқдор маблағ ворид шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон иддао дорад, ки ҳисоб кардани он ғайриимкон аст, зеро мардум ба ҷуз аз низомҳои интиқоли пул, ба истифода аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ шурӯъ кардаанд.

Ҷанг ё “депортатсия”

Таблиғгарони рус пайваста изҳор медоранд, ки сарфи назар аз теъдоди зиёди муҳоҷирон, хориҷиҳо ба “ҳимояи Русия” дар Украина барнамехезанд. Онҳо кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳам мекунанд, ки “Русия онҳоро мехӯронад”. Мустақиман ҳам набошад, бавосита мақомоти ин кишварҳоро барои бо қувваи инсонӣ дастгирӣ накардан дар ҷанг айбдор мекунанд.

Ҳамин тариқ, “коршинос”-и рус Андрей Сошенко мегӯяд, ки “кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо ба хуруҷи манобеи молӣ аз Русия ба кишварҳои худ ва ба бесарусомонии умумӣ дар Русия ба далели вуруди зиёди муҳоҷирон бо “афзудани шумораи даҳшатноки ҷинояткорӣ, гуногуншавии фарҳангҳо ва ба вуҷуд овардани гурӯҳҳои интернатсионалии зиддирусӣ” манфиатдор ҳастанд”.

“Ҳангоме ки сухан дар бораи ҳимояи манфиатҳои умумӣ меравад, онҳо на танҳо худдорӣ мекунанд, балки ба Русия зарар низ мерасонанд, бахусус вақте шаҳрвандони худро бо таъқиби ҷиноятӣ таҳдид мекунанд”,- мегӯяд ӯ.

Муовини раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба сиёсати минтақавӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Михаил Матвеев, ки бо ақидаҳои зиддимуҳоҷирӣ маъруф аст, мегӯяд, ки “муҳоҷирони осиёимиёнагӣ ба полкҳои таксирон, дивизияҳои кӯчарӯбон ва бинокорон шомил мешаванд, аммо ба тирандозҳо ва миномётчиёни “амалиёти махсуси низомӣ” на, ё ақаллан дар кандани хандақҳо кӯмак намекунанд”.

Матвеев зарурати ташкил кардан ва ба минтақаи “амалиёти махсуси низомӣ” фиристодани “баталионҳои тоҷикон”-ро таъкид кард.

Бо ин мақсад мақомоти Русия соли дуюм аст, ки як маъракаи ғайриодӣ алайҳи муҳоҷиронро роҳандозӣ карда, аз як сӯ муҳоҷиронро аз Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия даъват ва аз сӯи дигар онҳоро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ намуда, рейдҳо ташкил мекунанд. Ҳар гуна ҷинояте, ки алайҳи онҳо эълон карда мешавад, сабаби ҷалб шудан ба ҷанг мегардад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Repcak | Fох | Лис (@repc_ak)

Тавре Каримҷон Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ҳоло дар Австрия ба сар мебарад, мегӯяд, дар маркази муҳоҷирати Сахаровои Москва ҳангоми гирифтани патент ба муҳоҷирон дар бастаи ҳуҷҷатҳо коғази шартномаеро мегузоранд, ки ризоияти онҳоро барои ворид шудан ба хидмати шартномавӣ нишон медиҳад.

“Дар Сахарово ҳамеша навбати тӯлонӣ вуҷуд дорад. Мардум аз ин навбатпоиҳо хаста мешаванд, илова бар ин, аксари муҳоҷирон коғазҳоро нахонда имзо мекунанд. Ба онҳо инчунин қоғазеро медиҳанд, ки иштирокашонро дар ҷанг тасдиқ мекунад. Дар натиҷа онҳо дар кӯча боздошт ва ба ҷанг фиристода мешаванд”,- мегӯяд Ёров.

Ба гуфтаи Ёров, муҳоҷиронро ба ҷуз аз тариқи маркази муҳоҷират, пешниҳод мекунанд, ки агар онҳо дар манотиқи ишғолшудаи Украина дар корҳои сохтмонӣ ширкат кунанд, маошашон ба маротиб бештар аз худи Русия мешавад ва сипас онҳоро ба ҷанг мефиристанд. Ба муҳоҷирон шаҳрвандии Русия, маоши хуб, манзил ва дар сурати фавт таъмини наздиконашон ваъда шудааст.

“Онҳоеро, ки бо ваъдаҳои зебо ба худ ҷалб карда натавонистанд, бо зӯрӣ фиристода мешаванд: рейдҳо ташкил карда мешаванд, ки барои муҳоҷирон шарт мегузоранд – ҷанг ё “депортатсия”. Муҳоҷиронро дар қаҳвахона, дар кӯча боздошт мекунанд. Дар қонунгузории муҳоҷирати Русия он қадар нозукиҳо вуҷуд доранд, ки айб ёфтан хеле осон аст ва барои ҳамин онҳоро боздошт мекунанд”,- мегӯяд Ёров.

Дар се моҳи ахир Русия алайҳи муҳоҷирон, ба хусус шаҳрвандони Тоҷикистон, рейдҳои пайваста анҷом медиҳад. Онҳо дар ҷойҳои корӣ, ҳангоми намози ҷумъа, дар варзишгоҳҳо ҳангоми тамрин ва дигар ҷойҳои серодам боздошт мешаванд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар аз муҳоҷирон даъват мекунанд, ки ба ҷойҳои серодам нараванд. Ёров ба муҳоҷирон маслиҳат медиҳад, ки барои бехатарии худ Русияро тарк кунанд, вагарна, ба андешаи ӯ, бисёриҳоро хатари фиристода шудан ба ҷанг таҳдид мекунад.

Дар миёни фақру марг дар назди Бахмут

Душанбеи расмӣ мавқеи худро дар бораи ҷанге, ки Русия дар Украина мебарад, баён накардааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳатто дар чунин вазъ мақомот бояд талошҳои худро барои ҳифзи шаҳрвандони худ дар Русия тақвият бахшанд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев мегӯяд, барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, бояд фаъолияти Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Сафорати Тоҷикистон ва Консулгариҳои генералии Тоҷикистон пурзӯр карда шавад, то онҳо ба хабарҳои сафарбарии иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, ба таври оҷил вокуниш нишон диҳанд.

“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо тавассути прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ дар мувофиқа бо ҳамкасбони руси худ метавонанд масъалаи манъи иштироки шаҳрвандони моро (ки шаҳрвандии Русияро надоранд) дар ҷанг ҳал кунанд, – қайд мекунад ҳуқуқшинос. – Ин метавонад аз ширкати тоҷикон дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина пешгирӣ кунад”.

Дар худи ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳо дар бораи ҷанг коҳиш намеёбанд. Тоҷикистониён ба ду лагер тақсим шудаанд: бархе аз онҳо бар ин боваранд, ки “Русия ба мо нон медиҳад”, аз ин рӯ, тоҷикон вазифадоранд, ки ин кишварро дастгирӣ кунанд, бархеи дигар мегӯянд, ки “нон бо меҳнат аст, беҳуда дода намешавад” ва аз ин рӯ, ба ҷанги ҷинояткорона ва бефоида ҳамроҳ шудан маънӣ надорад.

Хонаи Наврӯз Камолов дар Рашт ҳоло серодам аст. Ин қадар ҷавонон кайҳо боз ба ин ҷо наомада буданд.

Наврӯз солҳои зиёд дар сохтмони Кемерово кор мекард, корфармо шуд, шаҳрвандӣ гирифт ва писаронашро, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, ба ин ҷо овард.

Вай хатто дар вақти сафарбаркунии аввал бовар дошт, ки тоҷикон бояд Ватани нави худро “ҳимоя” кунанд. Он вақт писаронаш ба рӯйхати сафарбарӣ наафтода буданд.

Тобути муҳоҷири тоҷик ки дар ҷанги зидди уКРАИНА КУШТА ШУДААСТ
Муаллифи акс: Repcak, махсус барои Your.tj

Пас аз соли нав, вақте ба Тоҷикистон омадани тобутҳо оғоз шуд, мард ба андеша афтид. Баҳор ӯ ҳамаи писаронашро ба хонаи падараш фиристод ва рафтани онҳоро ба Русия манъ кард.

“Ман худам бо ягон роҳ корамро давом медиҳам, шояд аз сабаби синну солам маро сафарбар намекунанд”,- мегӯяд Наврӯз. – Аммо писарони ман ҷавонанд, ман намехоҳам, ки онҳо дар ин ҷанг бимиранд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend