Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:1729.10.2024
Дар вилояти Владимири Русия ба бар кардани “либос ва таркибҳои он, аз ҷумла ҳиҷобу ниқоб ва ғайраро, ки мансубияти динии хонандаро нишон медиҳанд”, манъ карда шуд.
Дар ин бора фармони дахлдори Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Владимир рӯзи 25 октябри соли 2024 нашр шуд, менависад “Медуза”.
Тавре Вазорат ин иқдомро дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” шарҳ додааст, манъи ҳиҷоб ва ниқобҳо ба он вобаста аст, ки Русия кишвари дунявӣ буда, “калисо аз давлат, аз ҷумла аз соҳаи маорифи дунявӣ ҷудо шудааст”.
Вилояти Владимир аввалин минтақа дар Русия гардид, ки пӯшидани ҳиҷоб ва ниқобро дар мактабҳо ба таври доимӣ манъ кард.
Дар охири моҳи майи соли 2024 муовини раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Даванков лоиҳаи қонунеро пешниҳод кард, ки дар он ба муассисаҳои таълимӣ барои манъи пӯшидани либоси динӣ, аз ҷумла либосҳое, ки рӯйро пурра ё қисман мепӯошнанд, ҳуқуқ дода мешавад.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин моҳи июн даъват намуда буд, ки пӯшидани ниқоб дар Русия “таъҷилан” манъ карда шавад. Ӯ ёдрас карда буд, ки ҳамлаҳои террористӣ маҳз аз ҷониби “исломгароён” содир шудаанд.
Читайте также
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
22 часов назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
1 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
4 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
4 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
6 дня назад