Тарроҳ аз Истаравшан

Дар либосу парда ва ҷузвдону лӯхтак. Бонуи тоҷик барои ҳифзу тарғиби нақшунигори миллӣ мекӯшад

Насиба Искандарова 35 сол мешавад, ки тарроҳӣ мекунад. Ӯ дар либосҳои офаридааш бештар аз нақшунигори миллӣ истифода мебарад. Маҳсули дастони ин ҳунарманд таваҷҷуҳи харидорони зиёди дохилу хориҷро ба худ ҷалб кардааст. Вай имрӯзҳо барои ҳифз ва тарғиби нақшу нигори қадимаи тоҷикӣ ҷузвдону лӯхтак ва пардаҳои гуногунро низ бо тарҳи миллӣ омода месозад.

Муаллифи Your.tj бо Насиба Искандарова ҳамсуҳбат шуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти ин бонуи ҳунар қисса намуд.

Хоҳише, ки ба касби дӯстдошта табдил ёфт

Насиба Искандароваи 55 сола зодаи шаҳри Истаравшан мебошад. Ӯ солҳо боз бо ин пеша машғул аст. Қаҳрамони мо аз хурдӣ ба дӯхтани либос шавқи зиёд дошту мехост мисли модараш дӯзанда шавад. Аз ин рӯ, бештари вақт назди модар истода дӯхтудӯзро меомӯхт. Диққати ӯро бештар либосҳои қадимаи миллӣ ба худ ҷалб мекард.

“Аз хурдӣ назди модарам истода тарзи буридану дӯхтани либосро омӯхтам. Шавқи зиёд, ки ба ин ҳунар доштам хостам таҳсиламро низ дар ҳамин ришта идома диҳам. Падару модарам хушҳол буданд, ки ман касби тарроҳиро интихоб кардаам. Имрӯзҳо шавҳарам низ аз касби доштаам хушҳоланд, ки ман тарроҳаму либосҳои миллӣ медӯзам”,- нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Қаҳрамони мо пас аз хатми мактаби миёна бо роҳнамоии падараш ба Омӯзишгоҳи махсуси дӯзандагии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм мекунад.

Сипас, барои такмил додани донишу малакаи худ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (дар шаҳри Хуҷанд) дохил мешавад. Ҳамин тавр, тасвири тарҳу дӯхти либосҳои милливу аврупоиро аз ин ду боргоҳ меомӯзад.

“Мо бояд либосҳои қадимаву милии худро ҳифз карда тавонем”

Назар ба гуфти Насиба Искандарова тарроҳ бояд зебоипарасту дақиқкор ва ҳамқадами замон бошад. Ҳамзамон, талаботи мардум ва бозорро донад. Ба гуфти ӯ, тарроҳӣ ҳунари шахшуда нест ва тарроҳ ҳамеша бояд чизи наверо ҷӯяду ёбаду ба мардум пешниҳод созад.

“Агар имрӯз мо тарроҳон бозори ватании худро бо пешниҳоди беҳтарин либосҳои тоҷикӣ (миллӣ) пур накунем либосҳои ғайр, ки дар он фарҳанги бегона таҷассум ёфтаанд ворид мешаванд. Мо бояд либосҳои қадимаву милии худро ҳифз карда тавонем. Бо ин роҳ мо метавонем ба ҷаҳониён фарҳанги бузурги худро муаррифӣ намоем”,-афзуд Насиба.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки бояд насли калонсоли ҷомеа барои наврасону ҷавонон бо пӯшидани либосҳои миллӣ намуна бошанд. Ғайр аз ин волидайн баҳри соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандон хоса духтарон шароит муҳайё созанд, зеро соҳиби касбу ҳунар ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дастнигар намешавад.

“Шукр, ки имрӯзҳо бонувон хеле ва хеле ба либосҳои миллиамон таваҷҷӯҳ доранд. Вақте ба тӯю маъракаҳо меравем, бонувон ва гуларӯсони миллипӯшро дида хушҳол мешавем. Зеро фарҳанг аз мост, ҳифз рушд ва муаррифӣ карданаш ҳам вазифаи мост”,- таъкид дошт ҳунарманд.

Ҷузвдон, лӯхтак ва парда бо нақшҳои миллии қадима

Насиба Искандарова муддатест, ки ҷузвдону парда медӯзаду барои зебо шуданаш аз нақшу нигори қадимаи миллӣ истифода мебарад.

Пардаҳои замонавии дӯхтаашро бо ҳунари йӯрмадӯзӣ оро медиҳад. Ҷузвдонҳои омода кардааш бошанд бо матои атласу адрас ва гулҳои чакан оро дода шудаанд.

“Имрӯзҳо ба пардаҳои йӯрмадӯзишуда ҳам талабот афзудааст. Чунин пардаҳоро барои хонаи арӯс, меҳмонхона ва кохҳои фарҳангӣ бештар мехаранд. Пардаҳои гулдӯзишуда зеббахши ҳар як кошона аст. Ҷузвдонҳо бошанд барои сину соли гуногун буда, хонандагони мактаб ҳам метавонанд аз он истифода баранд”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Насиба Искандарова имрӯзҳо лӯхтак ҳам медӯзад. Барои лӯхтакҳо дар шакли миллӣ либос низ дӯхтааст. Ба гуфти ӯ чунин пешниҳоди лӯхтак ба кӯдакон барои шинохти либосҳои миллӣ мусоидат мекунад. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ин лӯхтакҳо танҳо барои кӯдакон набуда, метавонанд сайёҳон низ ҳамчун армуғон харидорӣ намоянд.

“Дар Самарқанду Бухоро ва шаҳрҳои қадимаи Эрон чунин лӯхтакҳо мавҷуданд. Ҳунармандон ба ин васила мехоҳанд либосҳои миллии худро ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Зеро ҳар сайёҳе, ки меояд ба лӯхтакҳои армуғонӣ таваҷҷӯҳ мекунад. Аз ин рӯ, ман ҳам хостам чунин лӯхтакҳоро омода созам то фарҳанги миллиамонро ҳифзу муаррифӣ намоям”,- зикр кард Насиба Искандарова.

Курсҳои омӯзишӣ барои ҷавонон

Насиба Искандарова солҳост, ки дар Литсейи касбии техникӣ ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз тарроҳӣ дарс медиҳад. Ҳамзамон, дар коллеҷ курсҳои омӯзишии тарроҳиро фаъол кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд рафта ҳунар омӯзанд.

“Пеш аз ин дар хона духтаракон омада дӯзандагиро меомӯхтанд. Имрӯзҳо чунин курсҳои омӯзишӣ дар коллеҷ фаъол аст. Ҳунаромӯзон дар муддати се моҳ таҳсил мекунанду соҳиби сертификат мегарданд.

Ният дорам дар “YouTube” низ саҳифа кушода курсҳои онлайниро низ роҳандозӣ намоям. Дар он тарзи буридани курта, тасвири гул дар рӯйи матоъ ва чӣ тавр омода кардани эскизи либосро мефаҳмонам. Бо даст додани фурсат аз пайи ин кор мешавам”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Насиба Искандарова гуфт, имрӯзҳо ҷавондухтарони зиёде ба курсҳои омӯзишӣ иштирок мекунанду ҳунар меомӯзанд. Ӯ аз он шод аст, ки дигарбора мардум ба ҳунару ҳунармандӣ таваҷҷӯҳ кардаанд.

Назар ба гуфти ҳамсуҳбатамон ӯ дар курсҳои омӯзишӣ натанҳо дӯхтани либос, балки тарзи омода кардани апликатсия, сохтани армуғон аз матоъ, йӯрмадӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро низ меомӯзонад. Ба қавли қаҳрамонамон “ҳар он чизе ки аз матоъ дӯхта мешавад меомӯзонам”.

Насиба Искандарова то имрӯз дар бисёре аз фестивал-озмун ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ҳамзамон, борҳо дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ ва шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд намоиши либосҳои дӯхтаашро баргузор намудааст.

Абдуғаффор Шодиев

Skip to toolbar