Дар Краснодар ҷасади навраси зодаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд

Дар Краснодар ҷасади як навраси зодаи Тоҷикистон пайдо шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои русии маҳаллӣ.

Аз рӯи маълумоти яке аз шабакаҳои телевизионии Краснодар, 3 март сокинони маҳаллӣ дидаанд, ки шахси номаълум ҷисми беҷонро ба кӯча бароварда, дар рӯи хараки саҳни бино гузошта, чизҳои ӯро гирифта рафтааст.

Шоҳидон дар бораи ҳодиса ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд. Ба гуфтаи нафароне, дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, ҷасад аз манзиле, берун оварда шудааст, ки ба иҷора дода шудааст. Худи соҳибони хона дар он зиндагӣ намекардаанд.

Мақомоти тафтишотӣ муайян кардаанд, ки шахси фавтида шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон мебошад.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҳангоми тафтиши ҷасади фавтида ҷароҳатҳои ҷисмоние, ки боиси марг мешаванд, пайдо нашудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, наврас эҳтимол аз заҳролудшавӣ бо моддаҳои номаълум вафот кардааст. Ҳоло ташхиси судӣ-тиббӣ ҷараён дорад.

Натиҷаҳои он метавонанд барои муайян кардани сабаби дақиқи марг кӯмак кунанд. Дар охири санҷиш қарори мурофиавӣ қабул карда мешавад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушаххас кардаанд, ки наврас қаблан ягон ҷиноят содир накардааст ва ӯ сабти ном надоштааст.

Skip to toolbar