Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:3707.10.2025
Дар шаҳри Душанбе аз 7 то 12 октябр баргузории намозҳои ҷамоатӣ дар масҷидҳои «Мавлоно Яъқуби Чархӣ», «Сари Осиё», «Абӯ Ҳанифа», «Ҳоҷӣ Исматулло» ва аз 8 то 12 октябр дар масҷиди ба номи Имом-ал-Бухорӣ муваққатан мавқуф гузошта мешавад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар пойтахт, ин маҳдудиятҳо бинобар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар Душанбе ҷорӣ мешаванд.
Тибқи иттилоъ, дар ин рӯзҳо инчунин фаъолияти бозорҳои «Корвон», «Кӯшониён», «Меҳргон» ба истиснои нуқтаҳои фурӯши маводи хурокворӣ, инчунин марказҳои савдои «Панҷшер», «Ганҷина» ва «Садбарг» муваққатан қатъ мегардад.
Мақомот аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки дар ин рӯзҳо бе зарурати ҷиддӣ аз сафар ва воридшавӣ ба шаҳри Душанбе худдорӣ намоянд.
Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, ки онро муовини раиси шаҳр Абдураҳмон Абдураҳмонзода имзо кардааст, аз 8 то 10 октябр 11 бозор ва маркази савдо баста мешаванд.
Бозорҳои «Корвон» ва «Корвон-плюс», «Ховарон», «Мошинасарой» (Автобаза)-и 2927, «Кӯшониён», «Фаровон», «Балх» ва марказҳои савдои «Панҷшер», «Ганҷина», «Файёз-2015», «Варзоб ТҶ» ва «Кавсар» дар ин рӯзҳо кор намекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти кишвар нишасти сарони давлатҳои ИДМ рӯзи 10 октябр ва вохӯрии сарони кишварҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” дар назар аст.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад