Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:4931.10.2023
Дар як моҳи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 75 фоиз баробар шуда, комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи он гузориш додаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, иҷроиши нақшаи даъват то охири моҳи октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон чунин аст:
ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор дар нахустин рӯзи даъват аз иҷрои нақша хабар дода буданд.
Гуфта мешавад, дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябр шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақша гузориш додаанд.
Манбаъ меафзояд, аз рӯи оморҳои мавҷуда даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба зиёд будани шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ хеле хуб арзёбӣ карда мешавад.
Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонписарони синни хизмат ба артиши кишвар оғоз гардид, ки то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳамасола ин маърака дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёде ба миён меорад.
Сабаби сарпечии ҷавонон аз хизмати ҳатмии ҳарбиро коршиносон ба бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки гоҳҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Шеваҳои гуногуни ҷалби маҷбурӣ ё “облава” сокинон ва ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст.
246 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
8 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
14 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад