Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:4931.01.2022
Як мард сокини ноҳияи Ҳисор, дар таҷовузи духтари ноболиғи бародараш муттаҳам дониста ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, дар ин бора сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар натиҷаи тафтишоти судӣ маълум шудааст, ки Нозимҷон Саминов, духтари бародарашро ки зери парастории ӯ қарор дошт таҷовуз кардааст.
“Номбурда санаи 21 сентябри соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст”, - омаддааст дар хабарномаи Додситонӣ.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нозимҷон Саминов бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи шаҳри Ҳисор ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олӣ баррасӣ кард.
Бо қарори суд Саминов тибқи моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияии слоҳии дорои низомаш сахт таъйин намуданд.
Як моҳ пеш кормандони ВКД - и вилояти Суғд ба гумони таҷовуз ба номуси ноболиғи 13 сола аз Истаравшан, ки дар натиҷа ӯ ҳомиладор шуда исқоти ҳамл кардааст, ду мардро дастгир карда буданд.
1202 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад