logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Ишкошим марде падарашро ба марг расондааст

Писари 40-сола дар ҳолати мастӣ бо истифода аз чангак (асбоби кофтани оташдон) ба гардан, гулӯ ва қафаси синаи падари 69-солааш зарба задааст.

Your tj

16:5824.12.2025

Дар Ишкошим марде падарашро ба марг расондааст

Шаби 20-уми декабр дар ноҳияи Ишкошим муноқишаи хонаводагӣ бо ҳалокати марди 69-сола поён ёфт. Ба иттилои ВКД, ҳодиса тақрибан соати 22:00 дар манзили истиқоматии ин хонавода рух додааст.

Гуфта мешавад, марди 40-сола дар ҳолати мастӣ бо падараш ҷангу ҷанҷол кардааст. Дар ҷараёни муноқиша падар бо белча ду маротиба ба дасти писараш зарба задааст. Пас аз ин, писар бо истифода аз чангак (асбоби кофтани оташдон) ба гардан, гулӯ ва қафаси синаи падараш зарба задааст.

Дар натиҷа, марди солхӯрда ба болои оташдон афтода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст ва тахминан соати 04:00 ба ҳалокат расидааст.

Гумонбар айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ) мавод тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

9 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

9 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ