Дар Ишкошим баъди шаш моҳ ҷасади як мардро ёфтанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки ҷасади як сокини ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баъди шаш моҳ пайдо кардаанд.

Ба иттилои КҲФ Барақбоев М. 67 сол дошт, соҳиби 6 фарзанд буд, дар деҳаи Ямчуни ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим зиндагӣ ва дар шифохона кор мекард.

“Марҳум рӯзи 4-уми июни соли 2024 аз корхона берун шуда, лаб-лаби рӯдхона ба самти манзилаш равон буд, вале аз ҳамон рӯз инҷониб дигар ба хона нарасид.

Бенишон гум шудани ӯ ҳамаро ба ташвиш оварда буд ва фарзияҳои зиёде мавриди таҳлил қарор дошт. Муҳимтарини ин фарзияҳо ба кадом сабабе ба об ғарқ шудани марҳум буд”,- хабар медиҳад манбаъ.

Кумита менависад, 12-уми декабр Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар ҳайати панҷ нафар такроран ба ҷустуҷӯи ҷасади ин мард шуруъ карданд ва14-уми декабр ҷасади марҳум пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Skip to toolbar