Дар ҷомеае, ки ҳар як кӯдак бояд муҳаббат, таваҷҷуҳ ва эҳсоси амниятро таҷриба кунад, ҳимояи ҳуқуқ ва ниёзҳои онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳои инсондӯстона ва иҷтимоӣ мебошад. Кормандони иҷтимоӣ дар ин раванд нақши калидӣ доранд.
Дар подкасти «Дар ҳифзи кӯдакон» дар бораи онҳое суҳбат мекунем, ки ҳар рӯз барои ҳимоя ва дастгирии кӯдакони осебпазир дар Тоҷикистон талош меварзанд.
Бибимоҳ Рузиева кормандии иҷтимоии лоиҳа аз шаҳри Душанбе ва Назира Розиқова, мутахасси кори иҷтимоӣ, тренери миллӣ бо 25 соли таҷрибаи корӣ дар подкасти мо оид ба таҷрибаи худ, сабақҳои омӯхта, ва ҳунару масъулияти дар канори кӯдак буданро ба мо нақл карданд.
Назира Розиқова мегӯяд, аллакай дар солҳои 90-ум кори иҷтимоиро оғоз кардааст, вале намедонист, ки корманди иҷтимоӣ аст.
«Дар солҳои 90-ум дар мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони маъюб, бепарасторон ва ятимон кор кардам. Дар он ҷо мо кӯдаконро ҳаматарафа дастгирӣ мекардем, вале ман намедонистам, ки ин кори иҷтимоӣ аст. Вақте солҳои 2000-ум аз тарафи СММ, ЮНИСЕФ дастгирӣ карданд ва моро ҳамчун корманди иҷтимоӣ омода карданд, баъд фаҳмидем, ки кори иҷтимиро анҷом медодаем»,- нақл кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ бо кӯдакони бепарастор ва ятим кор кардан бисёр мушкил аст. Вақте бо онҳо кор мекунӣ мефаҳмӣ, ки мушкилиҳои зиёде доранд ва бе кӯмаки корманди иҷтимоӣ онро ҳал кардан ғайриимкон аст.
Бибимоҳ Рузиева гуфт, дар аввал дигар соҳаро интихоб карда буд, вале тасодуфан ба ин самт омад. Аммо баъди омӯзишу ворид шудан ба он дарк кард, ки роҳи ӯ дуруст аст.
«Вақте кӯмак расонидам, натиҷаи корамро дидам, чи хел модарон хурсанд шуданд, барои идомаи корам рӯҳияи баланд гирифтам. Ҳоло бештар талош мекунам, ки касбамро чуқуртар омӯзам ва ба онҳое, ки эҳтиёҷ доранд, кӯмаки худро расонам», – афзуд ӯ.
Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед:
Шакли садоии подкастро дар ин ҷо гӯш кунед:
Подкасти «Дар ҳифзи кӯдакон» аз ҷониби Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Таҳкими малакаҳои касбии кормандони иҷтимоӣ оид ба пешгириии хасташавии касбӣ, ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва бунёди механизмҳои ҳамозангсозӣ дар сатҳи ҷомеа барои дастгирии кӯдакони осебпазир» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон) ташкил шудааст.