Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:5509.08.2021
Дар шаҳри Хуҷанд дар партовгоҳҳо қуттиҳои ҷамъоварии ҷудогонаи навъҳои партов гузоштанд. Сокинон минбаъд партовҳоро мувофиқ ба таъйиноти қуттиҳо, ба мисоли хокрӯба, зарфҳои шишагию пластикӣ, оҳан, меваю сабзавот ва ғайраҳо мепартоянд.
Шаҳрдории Хуҷанд ин амалро дар пайрави ба кишварҳои пешрафта ва бо кмаки пулии бонки рушди аврупо роҳандозӣ намудааст, ки барои ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.
Давронҷон Шокиров директори генерали КВДК “Хизматрасони нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” дар суҳбат бо Your.tj гуфт, ки гузоштани ин намуди қуттиҳо барои ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди он мусоидат хоҳад кард. Баъд аз Соли нав дар полигони партови Хуҷанд заводи коркарди партовҳо ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
“Мо нақша дорем, то 30-солагии ҷашни Истиқлолияти кишвар ҳамаи нуқтаҳои партови шаҳрро бо чунин қуттиҳо таъмин намоем. Ҳоло дар кӯчаҳои шаҳр 120 адад қуттиҳои партов вобаста ба навъҳои партов гузошта шуд. Ин давраи санҷишӣ ва одаткунонии мардум бо ин қоидаҳост. Ҳар як намуди партов ба қуттии алоҳида бояд партофта шавад.
То Соли нав дар назди полигони партови шаҳри Хуҷанд заводи коркарди партов кушода мешавад, ки тамоми партовҳоро коркард мекунад. Барои ин мо сафи қуттиҳои навро, ки бо рангҳои гуногун барои навъи партовҳо мувофиқ карда шудаанд, зиёд мекунем. Ҳамчунин партовҳоро вобаста ба навъ мошинҳои партовкашонии алоҳида ҷамъ мекунанд”, - иброз дошт, Давронҷон Шокиров

Ба гуфтаи ӯ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум ин иқдомро хуб пазируфтанд, чун он барои ҳифзи муҳити атроф ва безараргардонии он мусоидат хоҳад кард.
“Айни замон давраи санҷишист ва мо дида истодаем, ки дар бисёри минтақаҳои шаҳри Хуҷанд қисми зиёди мардум партовҳоро мувофиқ ба қуттӣ гузошта истодаанд. Аз рӯи қоида онҳо бояд меваву сабзавотро дар қуттии меваву сабзавот, хокрӯбаро ба қуттии хокрӯба, ки дар тани ҳар як қутти ишора шудааст партоянд. Мо кӯшиш дорем то кушодашавии завод ҳарчӣ бештар ин корро байни мардум таблиғ намоем то ки онҳо одат кунанд”, - қайд кард, ӯ.
Давронҷон Шокиров гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, ҳамарӯза аз он ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда мешавад.
Яке аз афзалиятҳои ҷудогона партофтан ва коркарди партовҳо дар он аст, ки онро метавон дубора истифода бурд. Масалан, вақте мо партовҳои қоғазинро ҷудогона мепартоем ва он коркард мешавад, дуюминбора онро истифода кардан қобили қабул мегардад. Ба ин васила, ҳазорҳо дарахтон ҳифз мешаванд.
Муҳимияти дигари ҷудокунӣ ва коркарди партовҳо ин бартараф намудани ҳолатҳои хатарноки экологист, ки партовгоҳҳои бузурги зиддисанитариро ба вуҷуд меорад ва онҳо манбаи бактерияҳои касалиовар мегарданд, ҳамчунин заминро заҳролуд карда ҳаво ва обро ифлос менамоянд.
Ҳарчанд дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ин гуна иқдом пешбинӣ нашудааст, ҳар нафаре метавонад, ин амалро мустақилона анҷом диҳад. Масалан, зарфҳои пластикии оби нӯшокиро метавон дар пакети алоҳида ҷамъ карда, дар ҷои тозаи наздики партовгоҳи минтақаатон гузоред.
Нафароне ҳастанд, ки ба ҷамъоварӣ ва фурӯшӣ партовҳои пластикӣ, шишагин ва коғазин машғуланд. Бо ин амал Шумо ҳам ба нафаре манбаи даромад пешниҳод мекунед ва ҳам муҳити атрофатонро аз ифлосшавӣ нигоҳ медоред.
Партовҳои пластикӣ ва шишагӣ барои коркарди дубора равона мешаванд. Партовҳои коғазинро бошанд дар истеҳсоли коғази ташноб истифода мекунанд.
Давлатшо Шарипов, дар ҳудуди Садбарг. Тел. 900160242
Кадом намуди партовҳоро қабул мекунад: картон, газета, навъҳои гуногуни коғаз. Барои бурдани аз 20 килограм зиёд партов мошини боркаш ба таври ройгон дастрас карда мешавад.
Ахрор, кӯчаи Шоҳмансур, 7, Тел. 906447770
Кадом намуди партовҳоро қабул мекунад: Пластик: пластики мулоим — HDPE 2: қуттиҳои воситаҳои зарфшӯӣ, шомпун ва ба инҳо монанд; PET 1- зарфҳои пластикӣ; ) таҷҳизоти электрикӣ, фурӯзонак ва батарейкаҳо.
Файз Давлатов, ООО Муросо Эко, кӯч. Рахмон Набиев 349, instagram: @muroso.eco. Тел. 937002121.
Кадом намуди партовҳоро қабул мекунад: зарфҳои пластикӣ (PET 1); пакетҳои полиэтиленӣ, шинаҳои куҳнашуда.
Малика Сафарзода
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
2 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
5 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
5 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад