fbpx

Дар Хуҷанд як духтару як писар худро ба Сирдарё партофтаанд. Духтар наҷот ёфта, писарро ҷустуҷ доранд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points

Cокинони мавзеъҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ифтор ташкил карданд

Гурӯҳе аз сокинони мавзеъҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ифтор барпо карданд, ки дар он фаъолону шахсони калонсол иштирок карданд,.

Шоми 27 апрел дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобҷон Ғафуров ифтори муштарак барпо шуд. Дар он беш аз 50 намояндаи ноҳияҳои марзии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҳузур доштанд.

Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия, 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтааст, нишаст бо даъвати ҷониби Тоҷикистон ва бо ҳадафи “таҳкими дӯстӣ ва равобити хуби ҳамсоядорӣ” сурат гирифт. Дар он раисони ноҳия ва низомиёну масъулони ҷамоатҳо низ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, шоми 26-уми апрел ҳам дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо иштироки тақрибан 100 сокини ноҳияи Бодканду Исфара “ифтор” ташкил шудааст.

Муҳаммадҷон Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара, изҳор доштааст, ки “дастархон бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва пешниҳоди шахсони рӯзгордидаи деҳаҳои марзӣ ороста шуд.

Дар ин нишаст чанде аз раисони ҷамоатҳои Бодканд ва мӯйсафедону фаъолони қирғиз ҳузур доштанд. Қарор аст, қирғизҳо низ ҷониби Тоҷикистонро ба минтақаи худ даъват кунанд”.

Ин вохӯрии дӯстона пас аз тирпарронии навбатии рӯзи 12 апрели соли равон байни сарҳадбонони кишварҳо баргузор шуданд. Дар ин тирпаронӣ марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Саидумаров кушта шуда, чанде захмӣ шуданд. Чанд ҳафта пештар то муноқиша каме дуртар аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури намояндагони деҳоти наздимарзии

Дар Хуҷанд як духтару як писар худро ба Сирдарё партофтаанд. Духтар наҷот ёфта, писарро ҷустуҷ доранд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як писару як духтар мехостанд даст ба худкушӣ зананд. Духтар наҷот ёфта, ҷавонро то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

“Субҳи 28 апрел ба навбатдори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар расид, ки як писару як духтар аз пули ” Юбилейный”-и шаҳри Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтаанд”, – хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Маълум шуд, ки писар сокини 21-солаи деҳаи Падрӯди ноҳияи Айнӣ, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Хуҷанд ва духтар – сокини 18-солаи деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон мебошанд. Духтар худаш мустақилона аз дарё баромада, лекин мутаассифона, ҷавон ғарқ шудааст. Ғаввосон (водолазҳо) то торикиҳои шаб  ҷустуҷӯ карда, лекин ҷасад дарёфт нашуд”, – гуфт Юсуфӣ.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Кумита, субҳи 29 апрел корҳои ҷустуҷӯи ҷасад дубора аз сар гирифта шуданд.

Зимнан зикр шуд, ки сабабҳои ба ин амал даст задани ҷавонон ҳоло маълум набуда, мақомот пайи таҳқиқи он мебошанд.

Афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ ​​дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 5,4 миллиард кВт/соатро ташкил дод, хабар медиҳад “Авеста” бо истинод ба бахши энержии кишвар.

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 281,5 миллион кВт/соат бештар аст.

Гуфта мешавад, дар ин давара зиёда аз 4,5 миллиард кВт/соат нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои обӣ ва 805 миллиард кВт/соат аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол шудааст.

Ҳамин тариқ ҳаҷми тавлиди нерӯи ҳароратӣ аз аввали соли ҷорӣ 675,8 ҳазор Гкалро ташкил дод. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 7 фоиз зиёд аст.

Илова бар ин гуфта мешавад, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 7,3 миллион доллар даромад гирифтааст.

Гуфта мешавад, нишондиҳандаи содирот дар баробари омори як соли қабл тақрибан 25% камтар аст.

Қаблан Сандуқи Байналмилалии Пул ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки қимати нерӯи барқро боло барад, аммо ҳамзамон хоста буд, сабукӣ барои хонаводаҳои фақирро ҳифз кунад.

Гуфта мешавад, ки бо ин роҳ бояд вазъи молии бахши энержии кишвар беҳтар шавад. Аз ҷумла ба хотири пуштибонӣ аз ҶСК “Барқи тоҷик”, ҷуброни хароҷот ва кам кардани талафот ин созмон тадриҷан боло бурдани тарифҳои нерӯи барқро тавсия медиҳад.

Ҳоло дар кишвар 10 категорияи истеъмолкунандагони қувваи барқ мавҷуд аст, ки тариф барои онҳо фарқ мекунад.

Аз моҳи сентябри соли 2019 корбарони одӣ барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқ ​​22,66 дирам пардохт мекунанд. Барои корхонаҳои саноатӣ (ба истиснои ширкати алюминиюми ​​тоҷик ТАЛКО) арзиши барқ 55,14 дирам аст.

Дар Тоҷикистон 93,1 фоизи шаҳрвандон бар зидди сирояти COVID-19 ваксина гирифтаанд

То 27 апрел 5 миллиону 210 ҳазору 943 нафар, яъне 93,1 фоизи шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта  шудаанд.

Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 5 миллиону 53 ҳазору 778 нафар, яне 90,3 фоизи шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Ба вояи сеюми ваксина 2 миллиону 19 ҳазору 226 нафар, яъне 36,1 фоизи шаҳрвандони мамлакат фаро гирифта шудаанд.

Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ мегиранд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати ҷумҳурӣ. хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузорӣ иброз медоранд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend