fbpx

Дар Хуҷанд бо иштироки наврасони дорои маъюбият намоишномаи театрӣ баргузор шуд

Боз ду намоишномаи театрии дигар бо иштироки наврасони дорои маъюбият ба напқша гирифта шудааст.


0

Бо мақсади инъикоси ҳаёти наврасону ҷавонони дорои маъюбият дар шаҳри Хуҷанд намоиши “Модар барои мамонтча” баргузор, шуд. Дар намоишнома ҳунрмандони касбӣ ва наврасони маъюбият дошта нақш офариданд.  Муаллифи Your.tj ба тамошои ин намоиш рафт ва фаҳмид, ки он чӣ гуна ва бо кадом мақсад омода шудааст.

Намоишнома дар Театри  давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд пешкаши тамошобин гардид.

Намоишномаи “Модар барои мамонтча” аз рӯи филми тасвирии “Мама для мамонтёнка”, ки соли 1981 офарида шудааст, омода шудааст. Он ҳамагӣ 20 дақиқа давом карда, перомуни ҳаёти як мамонтчае, ки модари худро меҷӯяду бе модар бо чӣ азобҳо рӯ ба рӯ мешавад, нақл  мекунад.

Нақши мамонтчаро Сарвиноз Масобирова бозид. Духтарак ҳамагӣ  18 сол дошта,  бо амри тақдир аз ҳар ду панҷаи  даст маҳрум шудааст( қиссаи зиндагии Савинозро ин ҷо бихонед). Аммо вай шикастарӯҳ нест, баръакс, ҳаёти фаъолро пеш мебарад. Сарвиноз дар бораи персонажи худ чунин гуфт:

“Ман нақши  мамонтчаи  хурдакакро мебозам. Вай бо сабаби яхбандӣ  солиёни зиёд хоб мекунад. Аммо ҷисми ӯ ҳамоно кӯдак боқӣ мемонад.  Вақте аз хоби дурудароз бедор мешавад, модарашро намеёбад.

Мамонтчаи танҳомонда  ба ҷустуҷӯи модар мебарояд. Ҳайвонот барои ёфтани модар ба  ӯ  кӯмак мерасонанд. Дар ниҳоят,  модарро дар симои фил  мебинад. Фил ҳам мамонтчаи танҳоро ба фарзандӣ қабул мекунад. Муҳтавои қисса ишора бар он дорад, ки меҳри модар дар зоҳир нест, балки дар ботин аст”, – нақл мекунад, Сарвиноз.

Нақши филро дар намоишнома Мастона Умматова модари навраси дорои маъюбият иҷро мекунад. Ӯ  давоми як моҳ ҳамроҳи фарзандаш ба театр барои машқ меомад.  Кӯдакаш  дар муҳити эҷодии театр вақтро хуш гузаронда, якчанд сухану амалҳои  нав ёд гирифт, ки ин ӯро хеле шод кард.

“Дар қисмати ҷамъбастии намоишнома фил мамонтчаи кӯчакро ба оғӯш мегирад. Дар ҳамин ҳолат суруди “Модар” садо медиҳад. Ман ҳар бор мамонтчаро ба оғӯш гирифта, зери таъсири ин суруд ашк мерехтам.

Бубинед, дар лаҳзаҳои охир фил мамонтчаро ба оғӯши модарона кашид. Нагуфт, мамонтча кӯдаки ман нест. Ҳар кӯдак барои модар кӯдак аст.  Дили вай бузург аст. Дили ҳеҷ фарзандро ранҷондан намехоҳад. Мутаассифона,  имрӯз баъзе модароне ҳастанд, ки аз кӯдакони бемори худ даст мекашанд. Оё барои чунин модарон амали фил намунаи ибрат нест?”, – ашки чашмонашро пок карда мегӯяд, Мастона.

Сабоҳат Ахмедова роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” мегӯяд, ки мақсад аз баргузории чунин намоишномаҳо ташкил кардани ҷомеаи фарогир барои кӯдакону наврасони дорои маъюбият аст.

“Театри инклюзивӣ  оинаи муаммоҳои иҷтимоии кӯдакон аст. Имрӯз мо тариқи намоишнома меҳри бепоёни модарро инъикос кардем. Мақсади ташкилоти мо низ сохтани ҷомеаи фарогир барои кӯдакони дорои маъюбият  аст.

Дар саҳна ҳамаи кӯдакон баробар буданд. Интизории мо низ ин буд, ки наврасони дорои маъюбият узви фаъоли ҷомеа будани худро эҳсос кунанд. То ҷое ба  натиҷаи дилхоҳ расидем.

Зимнан,  дар нақша дорем, ки  то охири соли равон боз 2 намоишномаи дигарро бо иштироки ҳунармандони театр ва наврасони  дорои маъюбият ба саҳна гузорем.

Дар намоишномаҳои баъдӣ масъалаи фарогирии кӯдакони  маъюбиятдошта ба низоми таълимӣ  бозгӯ хоҳад шуд. Аслан,  ҳадаф аз  ба саҳна гузоштани намоишномаҳо  ин аст, ки  рост зиндагӣ кардан ва хушбахт ба воя расондани кӯдаконро тарғиб кунем,  чун агар онҳо аз кӯдакӣ хушбахт бошанд, пас оилаи хушбахт низ бунёд карда метавонанд”, – шарҳ медиҳад, Сабоҳат.

Саркоргардони театри  давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд Темур Султонӣ, изҳор дошт, ки меҳнати босамари гурӯҳи эҷодии театр буд, ки  намоишнома дар сатҳи касбӣ омода шуд.

“Дили бачаҳои имконияташон маҳдуд ҳамеша лабрези зиндагӣ аст. Дар ҳар нигоҳи онҳо муҳаббат эҳсос мешавад. Бо онҳо кор кардан ҳам душвор аст ва ҳам омӯзанда. Ман бо онҳо кор карда, хушбахтӣ ҳис кардам. Шодии бачаҳою модарон туҳфаи калоне барои аҳли гурӯҳи эҷодии мо буд”, – гуфт ӯ.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend