fbpx

Дар Хуҷанд баргузории консерт бахшида ба ёдбуди Кароматуллои Қурбонро иҷозат надодаанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи tiroz.org

Бозгашти 376 муҳоҷири тоҷик аз Қазоқистон бо мусоидати СБМ

Боз 376 нафар муҳоҷирони кории осебпазири тоҷик, ки дар шароити душвор қарор доштанд, аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ.

Муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 декабр аз гузаргоҳи Жибек-Жоли бо мусоидати СБМ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ба ватан фиристода шуданд.

То имрӯз СБМ барои ихтиёрӣ ба ватан баргаштани 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик кумаку мусоидат намуд.

Беш аз 150 ҳазор тоҷикистонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ карда насабашонро дигар кардаанд

Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон лар бораи ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” имрӯз аз ҷониби вакилони парлумон якдилона ҷонибдорӣ шуд.

Тағйироти пешниҳодшуда бар он асос меёбад, ки муҳлати сабти расмии ивази ному насаби шаҳрвандон тезонида шавад, гуфтааст вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён.

Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан масъалаи ивази ному насаб аз ҷониби мақомоти марбута аз 3 то 6 моҳ баррасӣ мешуд, пас аз қабули тағйирот ин муҳлат аз 1 то 1,5 моҳ кам карда мешавад.

Вазири адлия қайд кард, ки соли 2015 ҳудуди 25 ҳазор шаҳрвандони кишвар ному насаби худро ба шакли миллӣ иваз карданд. Ин нишондиҳанда соли 2016 – 29 ҳазор, соли 2017 – 26 ҳазор, соли 2018 – 38 ҳазор ва соли 2019 – 40,5 ҳазор нафарро ташкил дод.

Ин тамоил пас аз иваз намудани насаби президент аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2007 байни мардум мӯд шуд.

Миёни кишварҳои ОМ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз коронавирус осеб дидааст

Аз пандемияи COVID-19 аз ҳама бештар кишварҳое осеб диданд, ки дар рушди технологияҳои рақамӣ қафо монда, зерсохтори пурсамари рақамӣ бунёд карда натавонистанд, изҳор доштанд намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи 2 декабр зимни онлайн-брифинги “COVID-19 ва нобаробарии рақамӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (РМ)”.

Гуфта мешавад, мавҷуд набудани зербинои зарурӣ дар шароити масофагирии иҷтимоӣ ба роҳандозии фаъолият бо реҷаи дур аз дафтари корӣ, дастрасӣ ба таълиму омӯзиши фосилавӣ ва хизматрасониҳои телевизиони тиббӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳо монеъа эҷод месозад.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо истинод ба TeleGeography хабар доданд, ки дар Осиёи Марказӣ дастрасӣ ба Интернети суръаташ баланд то ҳол маҳдуд аст: фарогирии хонаводаҳо бо Интернети васеъхат тариқи шабакаҳои доимии алоқа дар минтақа аз 3,1% дар Тоҷикистон то 35% дар Қазоқистонро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, қайд шуд, ки ҳам дар шабакаҳои доимӣ ва ҳам мобилии алоқа суръати дастрасӣ ба Интернети васеъхат дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сатҳи миёнаи ҷаҳони ба таври назаррас пасттар мебошад.

Интернет дар Тоҷикистон аввали соли 2016 зери монополия (назорати пурра)-и давлат қарор гирифта, танзимгари миллии алоқа “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро ба кор даровард, ки ҳама трафик дар кишвар тариқи он мегузарад.

146 парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон рӯйхати парвозҳои чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Русияро нашр кард.

Мувофиқи ин рӯйхат ширкати “Сомон Эйр” то 31-уми декабри соли 2020 146 парвози чартерӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия анҷом хоҳад дод.

Нашри ин рӯйхат дар ҳолест, ки то дирӯз бархе аз муҳоҷирон аз нашр нашудани парвозҳои чартерӣ нигаронӣ карда буданд.

Бо пурраи рӯйхати пурраи парвозҳои чартерӣ дар маводи қаблии мо метавонед шинос шавед.

Дар Хуҷанд баргузории консерт бахшида ба ёдбуди Кароматуллои Қурбонро иҷозат надодаанд

Рӯзи 29 ноябр дар Хуҷанд ба хотири ёдбуди овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбонов, ки соли 1992 кушта шуд, бояд консерт баргузор мешуд, лекин дар лаҳзаи охир, ки ҳаводорони сароянда аллакай назди даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ҷамъ омада буданд, баргузории он бекор шуд.

Мардуми ҷамъомада аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки аз бекор шудани консерт чанд лаҳзае пештар аз оғози он хабар додаанд.

Яке аз ташкилкунадагони консерт сароянда Субҳиддини Раҷабзод дар суҳбат ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус баргузории консертро бекор кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Раёсати маҳаллии тандурустӣ пеш аз баргузории консерт аз ин қарор огаҳӣ ёфтаанд. Фуруӯши билетҳои консерт ҳанӯз як моҳ пеш оғоз гардида буд.

Абдумавлон Абдуллозода, роҳбари Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки қарори бекор шудани ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ дар вилоят рӯзи 28 ноябр эълон шуда буд.

Дар дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд тасдиқ намуданд, ки бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо пандемия ҳамаи чорабиниҳои оммавии идонаи солинавӣ дар шаҳр, аз ҷумла дар мактабу кӯдакистонҳо низ манъ шуд. Имсол дар майдони марказии шаҳр арчаи солинавӣ гузошта намешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend