Дар Хуҷанд ҷавони 17 сола барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ қуттиҳои махсуси партов гузоштааст

Турсунбой Ғафурови 17 сола барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ қуттиҳои партовро дар шакли буталча (баклажка) омода карда, дар боғҳои шаҳри Хуҷанд гузоштааст. Ӯро аз хурдӣ масъалаҳои экологӣ нигарон мекард.

“Ҳамеша бо худ пакет мегардонам”

Турсунбойро ҳамеша масъалаҳои экологӣ нигарон мекарданд, ӯ зарфҳои пластикиро ҷамъ карда дар пакети алоҳида назди партовгоҳи хонаашон мегузошт, то нафарони ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ машғул буда, бе ягон мамоният онҳоро бигиранд. Инчунин Турсунбой аз истифодаи бесарфаи пакетҳои полиэтиленӣ худдорӣ мекунад ва доимо бо худ пакет мегардонад, то ки ҳангоми харид аз мағоза пакети изофӣ нагирад.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳарчанд корҳои мекардааш барои ҳифзи экология ночизанд, вале инсон бояд ҳама корро аз худ оғоз кунад.

“Доим дӯстону наздиконам мегӯянд, ки ту худат танҳо коре карда наметавонӣ, вале ман кори медонистаамро мекунам ва то ҳадди имкон дигаронро низ барои ҳафзи табиат ташвиқ мекунам. Онҳо тавсияҳои маро истифода мекунанд ё не мушкили худашон аст. Масалан барои ман партовҳои пластикиро ҷудо кардан ё бо худ пакет гардонидан мушкил нест”, – мегӯяд, Турсунбой.

Таҳсил дар TajRupt ва бурди грант

Турсунбой ҷавони пурҷустуҷӯ аст ва фориғ аз дарсҳои мактаб ба омӯзиши забонҳо машғул мешавад. Ӯ аллакай бо забони англисӣ озодана сӯҳбат мекунад. Соли 2018 ҳангоми таътили тобистона, вай ба курси омӯзишии ташкилоти TajRupt меояд ва дар он ҷо боз бештар бо проблемаҳои экологии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим бештар шинос мешавад.

“Вақте ман ба ин ташкилот омада будам, сессияи 4- ум оид ба глобализатсия ҷараён дошт.

Ба ғайр аз ин, ман дар ташкилоти ҷамъиятии TajRupt боз курсу дарсҳои муҳим, аз ҷумла, иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалии обу ҳавои сайёра, таъсиси ҷомеаи шаҳрвандӣ, баробарии гендерӣ, назари интиқодӣ доштан, фикронии дизайнӣ, маҳорати сарвариро хондам. Пас аз гузаштани ин курсҳо дар бораи масъалаҳои ҷиддии соҳаҳои ҳаётан муҳим ва проблемаҳои глобалӣ тасаввурот пайдо кардам”.

Тавре Турсунбой қисса кард, лоиҳаи қуттиҳои алоҳида барои зарфҳои пластикӣ пас аз курси гармшавии глобалии сайёра ба фикраш омадаасту, бо пешниҳоди он соҳиби грант шудааст.

“Пас аз 10 ҳафтаи омӯзиши курс, иштирокчиён бояд лоиҳаҳои иҷтимоӣ, ки аққалан ба 10 нафар фоида расонад, пешниҳод мекарданд. Ман идеяи гузоштани қуттиҳои партови диққатҷалбкунандаро дар минтақаҳои серодами шаҳр пешниҳод кардам.

Дар байни хонандагон ва муаллимони TajRupt барои баррасии лоиҳаҳо баҳсҳо сурат мегирифт. Дар он идеяи маро хуш пазируфта маслиҳат доданд, ки аввал аз сокинон ва одамоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бисёр мегарданд, фикрашонро пурсед.

Мо байни шаҳрвандон пурсиши иҷтимоӣ гузаронидем. Бештари онҳо гуфтанд, ки қуттиҳои хурди партов, ки махсус ба чизҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ гузошта шудаанд, кам таваҷҷӯҳ мекунанд. Ман аз интернет ҳам намунаҳои гунонуни қуттии партовро дидам. Баъд ба қароре омадам, ки дизайни қуттии партов бояд, ба худи зарфи пластикӣ монанд бошад”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Як қуттии партов – 2000 сомонӣ

Лоиҳаи иҷтимоии Турсунбой дар байни 50 лоиҳаҳои иштирокчиёни TajRupt ҷойи 2 – юмро мегирад. Баъди пурра омода шудани дизайни қуттӣ, Турсунбой онро ба кафшергарон медиҳад. Бо ёрии “The National Endowment For Democracy”, ки сарпарасти асосии ташкилоти ҷамъиятии TajRupt аст, ҳар қуттӣ бо харҷи 2 ҳазор сомонӣ омода шудааст.

“Барои фарқ кардани қуттӣ аз кабудии майдонҳо ва дигар рангҳои муҳит, мо онро бо ранги зард оро додем. Он дар поён як дарча низ дорад. Вақте пур шавад, онро кушода тоза кардан мумкин аст.

Айни ҳол, марҳилаи аввали лоиҳаамон амалӣ шуда истодааст, аз ин хотир, танҳо 3 адад чунин қуттиро дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” гузоштаем. Дар аввал, ин фақат барои огоҳ кардани шаҳрвандон аз мавҷуд будани чунин қуттиҳо мебошад.

Пас аз одат кардани мардум шумораи онҳоро зиёд мекунем. Кормандони ин боғ партовҳои ҷамъшударо гирифта, ба корхона ё ашхоси алоҳида мефурӯшанд. Маблағашро бошад барои ободии боғ харҷ мекунанд” , – мегӯяд Турсунбой Ғафуров.

Айни ҳол, қаҳрамони мо Турсунбой Ғафуров барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи Yale – и Амрико омодагӣ дида истодааст. Ӯ соҳаи бизнес ва экологияро интихоб кардааст. Турсунбой нақша дорад, ки боз чанд лоиҳаҳои иҷтимоӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист алоқаманд аст, амалӣ кунад.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar