Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:4406.10.2025
Ҷавонзани 21- солаи сокини ноҳияи Темурмалик пас аз нашри навори латукӯби кӯдакаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.
Муайян шудааст, ки Бойсарова Шукрона дар пайи муноқишаи хонаводагӣ ва ҷанҷоли лафзӣ бо шавҳараш, кӯдаки 5-моҳаашро мавриди сарзаниш ва латукӯб қарор додааст.
Гуфта мешавад, ки ин зани ҷавон кирдори худро ба навор гирифта, видеоро ҳамчун "чораи ҷазо" ба шавҳараш ирсол кардааст.
Мақомоти милитсия нисбат ба қазия маводи санҷишӣ тартиб дода, изҳор доштанд, ки қарорҳои қонунӣ қабул карда мешаванд.
Ҳамзамон, бо модар суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуда, ба ӯ ҳушдор додаанд, ки минбаъд аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худдорӣ намояд ва ҳуқуқи кӯдакро риоя кунад.
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
1 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
6 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
11 дня назад