Дар Хатлон ду рӯз боз ҷасади писарчаи ғарқшударо мекобанд

Танҳо тайи 6 моҳи охири соли ҷорӣ дар кӯлу дарё ва наҳру обанборҳои дигари кишвар бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ 84 нафар ҳалок шудаанд.


Ғарқшавӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи гузашта, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як кӯдаки ноболиғ ғарқ шудааст. Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то ҳол ҷасади кӯдакро кофта истодаанд.

Тавре дафтари матбуоти КФҲ хабар медиҳад, нимаи рӯзи 21 август ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки сокини 9-солаи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳаҳо ғарқ шудааст.

Кумита сабабгори  ин ҳодисаро,  аз бепарвоии волидон гуфтааст, ки ноболиғро беназорат гузоштаанд.

Имдодгарони намояндагии Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак оғоз карданд, лекин ба натиҷае нарасидан, то ҳол ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз падарону модарон хоҳиш мекунад, тифлону фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Бахусус, дар соҳили дарёву каналҳо ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.

Танҳо тайи 6 моҳи охири соли ҷорӣ дар кӯлу дарё ва наҳру обанборҳои дигари кишвар бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ 84 нафар ҳалок шудаанд, ки 15 нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Байни ғарқшудагон 7 нафарашон кӯдакони синни то 4-сола, 16 нафар – синни аз 5 то 10-сола, 24 нафар – ноболиғони синни аз 11 то 16-сола, 27 нафар – синни аз 17 то 35-сола ва 11 нафар – синни аз 35-сола боло мебошанд.