logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Хатлон бинои як мактаби дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ҳангоми дарс чаппа шуд

Дар мактаб наздики 300 хонанда таҳсил мекунад.

Your tj

14:5712.02.2022

Дар Хатлон бинои як мактаби дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ҳангоми дарс чаппа шуд

Бинои як муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шоҳидии  хонандагони мактаб фурӯ рафтааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ҳодиса пас аз нисфирӯзии 11‑уми феврал дар мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ноҳияи мазкур ҳангоми дар мактаб қарор доштани хонандагон ба амал омадааст. Хушбахтона чанд лаҳза пеш аз хароб шудани бино хонандагон синфхонаҳоро тарк кардаанд.

Мудири маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳасан Табаров мегӯяд, ки омӯзгорон ва хонандагон пеш аз ҳодиса, мушоҳида кардадаанд, ки аз боми мактаб хок мерезад ва зуд синфхонаҳоро тарк намудаанд.

Ба гуфтаи ӯ ҳамчунин, омӯзгорон фурсат ёфтаанд, ки як миқдор ҳуҷҷатҳои муҳими мактабро низ ҳамроҳи худ берун кунанд.

“Се синфхона пурра хароб шудааст ва бино корношоям гаштааст. Мизу курсиҳо ва тахтаҳои бомро аз хок берун мекунанд”,‑гуфт ӯ.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин ноҳия гуфтанд, ки мактаби деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҷомӣ соли 1957 сохта шуда буд ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Масъулони мақомоти ноҳияи гуфтанд, ки хонандагонро барои идомаи таҳсил аз мактаби чаппашуда ба як масҷиде мебаранд, ки чанд соли пеш ғайрирасмӣ эътироф шуда, дарашро баста будаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

1 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

1 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

5 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

5 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ