Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:4323.07.2025
Нархи интернет дар кишвар нисбатан коҳиш ёфта, суръати он низ тадриҷан беҳтар шуда истодааст, иддао кард раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло имрӯз, 23 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир арзиши миёнаи 1 Мбит/с интернет ба 17,63 сомонӣ поин омадааст. Ҳамзамон, 1 гигабайт интернети мобилӣ дар бастаҳои пешниҳодкардаи операторҳо ба таври миёна 2,5 сомонӣ арзиш дорад.
“Раванди мазкур идома ёфта, аз 15 июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ суръати интернет ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд”, - афзуд Исфандиёри Саъдулло.
Ба таъкиди раиси Хадамоти алоқа, дар кишвар дигар тарофаҳо бо суръати камтар аз 5 Мбит/с вуҷуд надоранд ва дар сурати мушкилӣ, истифодабарандагон метавонанд ба ширкатҳои мобилӣ муроҷиат намоянд.
Бо вуҷуди ин, бархе муштариён мегӯянд, тағйироти ҷиддие дар тарофаҳои қаблан фаъолшуда мушоҳида намекунанд ва навгониҳо асосан ба муштариёни нав дахл доранд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад