Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:1723.07.2025
Зайнулло Шарифзода, директори фурудгоҳи Душанбе имрӯз, 23-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, талош мекунанд, ки терминали нав дар як-ду соли оянда сохта ба истифода дода шавад.
Ӯ зикр кард, ки ҳоло якҷо бо як ширкати туркӣ ва як ширкати чинӣ таҳияи лоиҳаи терминали нав ҷараён дорад ва ба наздикӣ сохтмони он оғоз карда мешавад.
Терминали нав ба ҷойи терминали рақами 2 сохта мешавад.
Инчунин дар фурудгоҳи Душанбе барои пешвоз ва гусели меҳмонон сохтмони минтақаи махсус ҷараён дорад ва қарор аст ба зудӣ кушода шавад. Моҳи майи соли равон дар терминалҳои фурудгоҳ ворид шудани нафароне, ки барои пешвозу гусел омадаанд, манъ шуд.
Ҳамон замон масъулони фурудгоҳ гуфта буданд, ки ин тасмим барои “риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиби ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ” гирифта шудааст.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад