logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Фархор падар духтари маъюбашро ба қатл расондааст

Сайвалӣ Назарови 61-сола дар ҳолати сархушӣ духтараш Шаҳноза Назароваи 26-соларо бо дастчӯб мавриди лату кӯби шадид қарор додааст.

Your tj

14:5118.06.2025

Дар Фархор падар духтари маъюбашро ба қатл расондааст

Дар ноҳияи Фархор як мард дар ҳолати мастӣ духтари маъюби худро ба ҳалокат расондааст. Ҳодиса шаби 10 июн рух додааст, хабар дод Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, Сайвалӣ Назарови 61-сола баъди истеъмоли машруботи спиртӣ дар ҳолати сархушӣ ба хона баргашта, духтараш Шаҳноза Назароваи 26-соларо бо дастчӯб мавриди лату кӯби шадид қарор додааст.

Шаҳноза, ки ба бемории рӯҳӣ гирифтор ва маъюби гурӯҳи якум будааст, бар асари зарбаҳои сахт дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Ба иттилои мақомот, Сайвалӣ Назаров қаблан низ ба нӯшокиҳои спиртӣ майл дошта, муҳити оилавиро пайваста носолим месохтааст. Шаҳноза аз кӯдакӣ бе модар монда, падараш ӯро ба воя расонидааст.

Нисбати Сайвалӣ Назаров бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Тибқи ин модда дастгиршударо ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра таҳдид мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

1 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

7 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ