Як занро дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба қатли хушдоманаш гунаҳгор дониста ва ба 17 соли маҳкум карда шуд, хабар медиҳад Дотситонии кулли Тоҷикистон.
Алайҳи Умеда Шарифова тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) парванда боз шуда буд. Ҳодисаро додситонии ноҳияи Фархор таҳқиқ намуда, ҳукмро додгоҳи вилояти Хатлон содир кардааст.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқад рӯзи 9-уми август бо баҳонаи ночиз бо хушдоманаш Файзигул Олимова муноқиша мекунад ва аз дар хона набудани шавҳараш Ю. Холдоров истифода намуда, бо корд ӯро дунболагирӣ кардааст.
«Номбурда хушдоманашро аз пой афтонда, дар ҳузури кӯдаки хурдсолаш Усмонҷон Шарипов, ки ҳанӯз 6-сола аст бокорд ба гардан рухсора ва панҷаҳои дасташ ҳашт зарба задааст, ки ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфта мешавад дар хабари додситонӣ.
Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 5-уми январи соли 2022 Умеда Шарифоваро бар асоси банди 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карда шудааст.