fbpx

«Дар фарҳанги мо чизҳои пурмазмуну зебо зиёд аст». Рассоми тоҷик мехоҳад афсонаҳои тоҷикиро аз тамоми минтақаҳои кишвар ҷамъ орад

Кори анҷомдодашуда лоиҳаи нави бадеии Амир Холматов хоҳад буд, ин як навъ намоишгоҳи санъати рассомӣ дар фазои боз хоҳад буд.


1
1 point
Амир мехоҳад афсонаҳоро дар шакли тасвир дар сангҳо нақл кунад

Барои рассоми тоҷик Амир Холматов афсонаҳо ҳамеша ҷойгоҳи махсус доранд ва дар ҳаёташ нақши муҳим мебозанд. Ин ҷавон то имрӯз дар осораш қаҳрамонҳои афсонаҳоро истифода мебарад.

Ҳамон афсонаҳое, ки замони кӯдакӣ дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт мешунид.

Ба наздикӣ Амир ба лоиҳаи нави эҷодӣ оғоз кард. Ӯ ният дорад ба чанд минтақаи Тоҷикистон сафар карда, афсонаҳои мардумиро ҷамъ оварад. Афсонаҳое, ки сокинони маҳаллӣ то имрӯз ба фарзандону набераҳояшон нақл мекунанд.

Дар суҳбат бо Your.tj Амир нақл кард, ки чӣ гуна мехоҳад ин ҳадафашро амалӣ кунад.

Лоиҳаи Амир дар оянда чӣ гуна хоҳад буд

“Бори аввал афсонаҳо маро бо ҷаҳони калонсолон ошно сохтанд”

Амир мегӯяд, аз овони кӯдакӣ бо шавқ ба афсонаҳои аҷоиб гӯш медод. Дар бораи қаҳрамонҳое, ки метавонистанд замоне аз як кӯҳ ба кӯҳи дигар биҷаҳанд, дар бораи подшоҳони доно, ки кишварҳои бузургро идора мекарданд ва дар бораи Афандӣ, ки бо шӯхиҳояш ҳадафи афсонаро барҳам мезад, то кӯдак хоб кунад, вале Амир механдиду хобаш мегурехт.

“Ёд дорам, баъзе афсонаҳо гӯё дар худи Ашт мегузаштанд. Донаҳои зардолу мисли сангҳои ранга буданд, дар сойчаи кӯҳӣ баҳодурон оббозӣ мекарданд ва аспҳои худро, ки бол доштанд, он ҷо мешустанд.

Баъдан фаҳмидам, ки хоҳарам онҳоро худаш мебофт, вале бо вуҷуди ин, онҳо барои ман воқеӣ менамуданд”,- мегӯяд Амир.

Амир кори худро чунин тасаввур мекунад

Афсонаҳое, ки дар кӯдакиаш шунида буд, имрӯз ҳам ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ӯянд. Гоҳо нохост қаҳрамонҳои ҳамон афсонаҳоро дар корҳои рассомиаш зинда мекунад.

Яке аз корҳои Амир

“Вақте аз рассомӣ дарс доданро сар кардам, гоҳе ба кӯдакон мегуфтам: “О, инро мисли ҳамон афсона кашидӣ, ёд дорӣ?” Ӯ ҷавоб медод, ки чунин афсонаро намедонад.

Бароям афсонаҳо аввалин шиносоӣ бо ҷаҳони калонсолон буданд. Ман бовар дорам, ки онҳо ба ташаккули кӯдак, ҷаҳонбинию ахлоқаш таъсири калон доранд. Ҳатто имрӯз, вақте ба рӯи одаме менигарам, гоҳе қаҳрамони афсонаеро дар симояш мебинам”,- нақл мекунад Амир.

Афсонаҳо бо тасвирҳо дар деворҳо ва сангҳо акс меёбанд

Амир тасмим дорад афсонаҳои халқи тоҷикро аз тамоми гӯшаву канори кишвар ҷамъоварӣ кунад.

Барои ин, ӯ ният дорад ба чойхонаҳо равад, бо пиронсолон, бобову бибиҳо суҳбат кунад ва аз онҳо бишнавад, ки кадом афсонаҳоро аз падару модар ва бобоёну бибиҳояшон шунидаанд ва худ ба фарзандонашон чӣ нақл кардаанд.

“Баъди ин таҳқиқ, мехоҳам барои ҳар афсона тасвире сохта, онро дар ҷои пайдо шудани афсона, дар деворҳои кӯҳна ё рӯи сангҳо боқӣ гузорам.

Мехоҳам бинанда бо афсона танҳо рӯ ба рӯ шавад, на дар миёни издиҳом ва мошинҳои шаҳр”,- мегӯяд рассом.

Ин лоиҳа бо дастгирии намояндагии Ҳукумати Швейтсария амалӣ мегардад.

Амир мегӯяд, ӯ меъёрҳои худро барои муайян кардани ҳақиқӣ будани афсона дорад. Агар дар афсона тавсифи табиати маҳаллӣ ё ҷузъи воқеии зиндагии мардум зикр шуда бошад, барои ӯ нишонаи ҳаққонияти он аст.

Ӯ ният дорад афсонаҳои ҷамъоваришударо дар як маҷмуа гирд оварад, ё дар саҳифаи Instagram ба шакли силсилаи постҳо нашр кунад.

Аммо, тавре рассом мегӯяд, бинанда дар рӯи санг танҳо тасвир ва номи афсонаро хоҳад дид ва метавонад онро ба таври худ тафсир кунад.

“Агар тавонам одамонро ба мероси фарҳангиамон ҳавасманд кунам, шод мешавад”

Амали анҷомёфта барои Амир Холматов як лоиҳаи нави ҳунарӣ хоҳад буд: ин як навъ ҳунар дар фазои кушод, мегӯяд ӯ.

“Имрӯз тамоми ҷаҳон дар бораи ҳувият ҳарф мезанад, аммо мо то ҳол мехоҳем “мисли ҳамсоя” бошем, гарчанде ки дар худамон чизҳои зиёди зебову арзишманд дорем. Муҳим он аст, ки танҳо назар андозем ё ба ёд биёрем”,- таъкид мекунад рассом.

Ба андешаи ӯ, ҳар инсон метавонад аз афсона чизе барои худ бигирад, ва вазифаи Амир танҳо ба мардум ёдрас кардани мероси фарҳангии худ аст.

Амир дар вақти кор

“Агар тавонам каме ҳам шавқи мардумро ба фарҳанги худ бедор кунам, ин барои ман беҳтарин натиҷа хоҳад буд.

Вақте ба лоиҳа оғоз кардам, чанд афсонаро боз хондам, “Гурзод” ва “Духтари ҷасур” аввалинҳо буданд.

Бо шавқу завқ гӯш мекардам он лаҳзаҳоеро, ки вақте духтар аз деви сесара мегурехт, оина мепартофт ва он аз пасаш кӯл мешуд, санги осиёб кӯҳ мегашт, шона бошад, ба ҷангал табдил меёфт”,- нақл мекунад рассом.

Хатти сафари ӯ чунин аст: Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷакент, Ҳисор, Ашт, Ҷаббор Расулов, Айнӣ.

Амир аз ҳар касе, ки метавонад дар ҷамъоварии афсонаҳо кӯмак кунад, сипосгузор хоҳад буд.

“Шояд касе бобо ё бибии хуби афсонагӯ дошта бошад, ё касе метавонад роҳбалад шавад. Ҳар гуна ёрӣ барои ман хеле арзишманд аст”,- илова кард рассом.

Сомон Комилов

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend