fbpx

Дар Душанбе зани гумонбар ба куштори писараки 7 соларо дастгир карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи riamobalashiha.ru

Додситони Бадахшон аз санҷиши мактабҳо пуштибонӣ кардааст

Парвиз Орифзода, додситони вилояти Бадахшон, рӯзи 18-уми март дар номае ба Радиои Озодӣ аз санҷиши кормандонаш пуштибонӣ карда, онро қонунӣ донист. Дар ҳоле ки масъулони Раёсати маориф онро “дахолати бемаврид” номидаанд.

Парвиз Орифзода дар номааш нигоштааст, ҳадафи онҳо аз санҷиш ҳимоят аз хонандагон ва ифшои қонуншиканиҳо аст.

Ӯ иддаои як омӯзгорро аз шаҳри Хоруғ, ки гуфтааст, “вақте муфаттишон меоянд, муаллим даступо мехӯрад ва наметавонад дуруст дарс диҳад”, нишонаи “ба дарс омода набудани баъзе аз омӯзгорон” донистааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Раёсати маорифи вилояти Бадахшон дар номае ба раиси шаҳри Хоруғ гуфтаанд, “солҳои охир санҷишҳои бамавриду бемаврид ва дахолат ба фаъолияти муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, аз ҷониби сохторҳои дигар ба низоми таълиму тарбия халали ҷиддӣ расонида, ба пешрафту беҳбудии соҳаи маориф монеа эҷод мекунанд.”

Додситони вилояти Бадахшон гуфтааст, ҳамагуна дахолат ба кори онҳо манъ аст ва афзудааст, “Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ фаъолияти худро дар самти назорати прокурорӣ идома дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо чораҳои муассир меандешад.”

Рӯзи 13-уми март сомонаи “PamirDaily” дар гузорише навишт, омӯзгорони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз тафтишҳои зиёди кормандони додситонӣ норозӣ ҳастанд.

Зани гумонбар куштори писари 7-cола дар Душанбе боздошт шуд

Зане, ки дар қатли як хонандаи синфи як дар пойтахт гумонбар дониста мешуд пас аз ҳашт рӯзи пайгириҳо боздошт шудааст. Хабари боздошти занро ба ВАО хешовандон ва маркази матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, гумонбар дар дачаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт шудааст.

“Ҳоло ки фасли истироҳат нест, ӯ дар яке аз дачаҳои беодам пинҳон шудааст, ки маъмурини пулис боздошт карданд. Ҳоло ӯ дар бозпурсӣ буда, пас аз ду-се рӯз барои нишондод додан мебаран”,-афзудааст хеши кӯдаки кушташуда

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе гуфтаанд, гумонбар барои куштор  Муборак Абдураҳмонова боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дора два парвандаи боздоштшударо прокуратура пеш мебарад.

Ба гуфтаи хешовандон, ҳодиса рӯзи 5 март вақте рух додааст. Замоне писарак аз мактаб бармегашт, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ӯро ба манзилаш, ки дар ҳамсоягии хонаи хонаводаи марҳум қарор дорад, даъват карда баъди 10 дақиқа аз манзил берун ва нопадид шуд.

Тоҷикистон аз АstraZeneca даст намекашад

Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 вояи ваксинаи АstraZeneca- ро дастрас намуданд ва интизор меравад, ки ояндаи наздик маъракаи эмгузаронӣ шурӯъ мешавад.

Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз ваксини АstraZeneca даст намекашем.

Ин нуктаро муовини вазири тандурустии кишвар имрӯз зимни нишасти хабарие изҳор дошт.

Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар ҷумҳурӣ марҳилаи омодагӣ ба маъракаи эмгузаронӣ ҷараён дорад. Илова бар ин, Вазорати тандурусти аз рафти тафтишоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт оид ба муассирияти ваксинаи мазкур назорат мебарад.

Ализода мегӯяд, вазорат ҳоло машғули таҳия кардани дастурамал барои тарзи дуруст гирифтани эм алайҳи коронвирус аст. Ин дастурамал бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва дастраси ҳамагон мегардад.

Ӯ мегӯяд, вазорат ҳатто масъалаи ҷамъоварии партовҳо аз ин ваксинро омӯхта, тарзи нигоҳ доштан ва сипас нест кардани онро дар дастурамал ҷо додаааст.

Бояд гуфт, ки аксар кишварҳои ИА ба далели таъсири манфии ваксини АstraZeneca аз он даст кашиданд.

Аз се як бахши ёриҳои башардӯстонаро ба Тоҷикистон Чин кардааст

Давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 6,6 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд.

Бино ба маълумоти Агенти омори ҷумҳурӣ, кумаки мазкур бо вазни умумии қариб 1,5 ҳазор тонна аз ҷониби 30 кишвари саросари дунё расонида шудааст.

Байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан зиёдтари қиёсӣ аз рӯйи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин – 32,5% рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 млн доллар кумаки башардӯстона фиристод, ки 37,3% аз ҳаҷми умумии чунин кумакро ташкил дод.

Қарзи маош дар Тоҷикистон дар як сол 75% – то 7,5 млн доллар зиёд шудааст

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи феврал бо назардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 84,8 млн сомонӣ (7,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Тайи соли ахир (аз феврали соли 2020 то феврали соли 2021) ҳаҷми қарз аз музди меҳнат 75%: аз 48,5 млн сомон то ба 84,8 млн сомонӣ афзуд.

Афзоиши қарз аз пардохти музди меҳнат қариб дар ҳамаи навъҳои фаъолият ба мушоҳида мерасад.

Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи феврал 1445 сомонӣ (128 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) – 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва суғурта (3452 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2874 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 630 сомонӣ сабт шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend