fbpx

Сабаби боздошти журналисти тоҷик ҳанӯз номаълум. Ӯро ба Хуҷанд интиқол додаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Рӯзноманигори тоҷикро боздошт кардаанд
Акс аз саҳифаи фейсбуки Хуршед Фозилов

Гуфтушуниди навбатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе оғоз ёфт

Даври навбатии гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба қитъаҳои баҳсноки сарҳадӣ аз имрӯз оғоз шуд. Тибқи нақша вохӯриҳо аз 10 то 16 март дар Душанбе мегузаранд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон.

Парчами тоҷикистон ва қирғизистон

“Ҳайати ҳукумати Қирғизистон аз 10 то 16 марти соли 2023 бо ҳамтоҳои худ дар Душанбе вохӯрда, масъалаи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои умумии сарҳади давлатӣ байни кишварҳоро баррасӣ мекунад”, – гуфтааст намояндаи ҳукумат.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати гурӯҳи кории Қирғизистон дар вохӯрии мазкур таҳти сарварии намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масоили марзӣ Назирбек Борубаев 15 нафар шомиланд.

Ахиран ин вохӯрии ҳаштуми ҷонибҳо оид ба баррасии қитъаҳои баҳсноки сарҳад мебошад.

Қаблан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки дар соли 2022 дар доираи кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои корӣ бо бо намояндагони Қирғизистон 7 ҷаласа баргузор намуданд.

“Аз ҳама муҳимаш байни ҷонибҳо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад”, – зикр кард ӯ зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 феврал.

Бо ишора ба тавофуқи дуҷониба дар бораи ифшо накардани маълумот то анҷоми гуфтушунидҳо, ӯ аз натиҷаҳои ин ҷаласаҳо маълумот надода, танҳо зикр кард, ки имсол ҳам кор давом дода мешавад.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 3 то 9 феврал дар Бишкек баргузор гардид. Аз натиҷаи вохӯрӣ протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.

Моҳи декабри соли 2022 пас аз вохӯрии ҳайатҳо дар Ботканд зикр шуд, ки ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2022 вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғзистон бори дигар шиддат гирифт: ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташаннуҷи вазъ айбдор намуда, дар бораи мавриди тирпаронӣ қарор гирифтани деҳаҳои наздимарзӣ хабар доданд.

Аз 14 то 16 сентябр маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки вилоятҳо Ботканд ва Оши Қирғизистон мавриди оташ қарор гирифтанд.

Бар асари ин даргириҳо аз ҳар ду тараф зиёда аз 100 нафар куштаву даҳҳо нафар захмӣ гардида, манзил ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздисарҳадӣ тахриб шуданд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.

Дар Душанбе занеро бо далели ҷодугариву фолбинӣ дастгир карданд

Кормандони милитсияи пойтахт як сокини шаҳри Душанберо ба далели машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ боздошт карданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар Душанбе фолбинро боздошт карданд
Акс аз Раёсати ВКД дар Душанбе

Ҳалима Қосимоваи 61-сола дар манзилаш дар кӯчаи Қарабоеви пойтахт боздошт шудааст.

“Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки вай дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро қабул карда, дар баробари фолбинӣ ва ҷодугарӣ, инчунин дар шароити ғайрисанитарӣ ба хунрезӣ (ҳиҷома) машғул будааст”, – омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Дар замони боздошти ин зан аз манзили зисташ чанд ашёе, ки барои ҷодугарӣ ва фолбинӣ истифода мешуданд, дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин зан на маълумоти тиббӣ дорад ва на маълумоти динӣ.

“Нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 482 (машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ)-и Кодекси маъмурӣ парванда боз шудааст. Ӯро ҷарима интизор аст”, – хабар медиҳад ВКД.

Муҷозот тибқи ин модда ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисоб (як нишондиҳанда баробар ба 68 сомонӣ) мебошад.

Дар Тоҷикистон ҷодугарӣ ва фолбинӣ тибқи қонун мамнӯъ аст. Ба эътиқоди ислом низ ин гуна амалҳо манъ аст, аммо бо вуҷуди ин мардум барои ҳалли мушкили худ ба назди фолбину ҷодугарон мераванд.

Сабаби боздошти журналисти тоҷик ҳанӯз номаълум. Ӯро ба Хуҷанд интиқол додаанд

Бо гузашти 4 шабонарӯз мақомот ҳанӯз боздошти журналисти тоҷик, Хуршед Фозиловро шарҳ надодаанд. Расонаҳо бо такя ба иттилои наздикони рӯзноманигор хабар медиҳанд, ки Хуршедро аз шаҳри Панҷакент ба маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд бурдаанд.

Рӯзноманигори тоҷикро боздошт кардаанд
Акс аз саҳифаи фейсбуки рӯзноманигор

Яке аз наздикони журналист дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки дирӯз аз идораи амнияти шаҳри Панҷакент ваъдаи пас аз бозпурсӣ раҳо кардани Хуршедро дода буданд.

“Аммо имрӯз ба муроҷиати мо посух доданд, ки Хуршедро ба Хуҷанд бурдаанд. Аммо расман шарҳ надоданд, ки ӯ барои чӣ боздошт шудааст”,- мегӯяд яке аз наздикони Хуршед Фозилов.

Ӯ меафзояд, ки то ҳол барои Хуршед Фозилов вакили дифоъ нагирифтаанд ва намедонанд, ки ӯ бо вакили дифои давлатӣ таъмин аст ё не.

Бо гузашти 4 шабонарӯз аз боздошти рӯзноманигор мақомот то ҳол расман ҳеҷ иттилоеро дар ихтиёри расонаҳо нагузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт 48 соат буда, баъди он боздоштшуда ё бояд озод гардад ё нисбати ӯ расман айб эълон карда шавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи конун нафари боздоштшуда, аз лаҳзаи боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Ҷавонеро барои нашри аксҳои маҳрамонаи зане дар Инстаграм боздошт карданд

Ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе барои паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи зане дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва талаби пул барои пок кардани онҳо боздошт шудааст.

таҳдид дар сомонаҳои иҷтимоӣ
Акс аз сомонаи exk.kz

Холмуҳаммад Назаров, сокини шаҳри Душанбе ба “тамаъҷӯи ва иръоб ё шантаж” айбдор шудааст.

Назари ин ҷавон ва пайвандонаш ба ин иттиҳом маълум нест, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 9-уми март хабар дод, ки Холмуҳаммад Назаров бо як зан шинос шуда, аксҳои маҳрамонаи ӯро дар телефонаш ҳифз кардааст.

Баъдан, ӯ бархе аз ин аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Инстаграм ва Телеграм паҳн карда, барои пок кардани онҳо аз зан маблағ талаб кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ якбор 4,5 ҳазор сомонӣ аз ин зан гирифтааст, вале боз ин корашро давом додааст.

Дар барномаи видеоии ВКД Назаров мегӯяд, ки ба ин зан таҳдид кард, то барояш даҳ ҳазор сомонӣ сомонӣ диҳад. Ӯро ҳангоми гирифтани чор ҳазор сомонӣ аз ҷабрдида боздошт кардаанд.

Нисбат ба вай бо иттиҳоми тамаъҷӯи парванда боз шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Таҳдиди бадном кардани духтарону писарони тоҷик дар Интернет бо истифода аз аксу наворҳояшон ҳодисаи нав нест. Масъала пас аз худкушии як духтари тоҷик дар Маскав дар охири моҳи декабри соли гузашта ҷиддӣ шуд. Наздиконаш гуфтанд, Раҳима Каримоваи 21-сола дар пайи нашри аксҳои дасткоришудааш дар “Инстаграм” худкушӣ кардааст.

Аз аввали сол мақомот дар Тоҷикистон аз боздошти беш аз даҳ ҷавон барои нашри аксҳои маҳрамонаи духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Вақти дақиқи фарорасии соли нави астрономиро дар Тоҷикистон муайян карданд

Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи эътидоли баҳориро муайян карданд.

Чакан Навруз в РТСУ

Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соли 2023 рӯзи 21 март, соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ Замин ҳангоми харакаташ гирду атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.

Дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯйдоди таърихӣ рӯзи 21 марти соли ҷорӣ соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба вуқуъ меояд, хабар дода мешавад дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

“Бояд қайд намуд, ки лаҳзаи гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Инчунин, дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб ба вуҷуд меояд, ки баробаршавии шабу рӯз мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ ном дорад. Бинобар ин, соли нави астрономии 2023 чун рӯзи 21 март аз соати 02:30 оғоз мешавад. Барои мо ин вақт бо унвони фарорасии Наврӯз машҳур аст.

Наврӯз ин ҷашни соли нав аз рӯйи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ҳамоҳангие, ё худ вобастагие бо дин надорад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ӯро дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ пеш аз асри VII-и пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд. Азбаски ҷашни Наврӯз дар замонҳои хеле қадим пайдо шуд, давраи пайдоиши аслии он маълум нест.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend