Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:2511.06.2024
Аз 20 июн дар Душанбе таваққуфгоҳҳои пулакии худкор барои воситаҳои нақлиёт ба кор шурӯъ мекунанд. Ҳадафи асосӣ ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт дар пойтахт ва коҳиш додани тамбашавӣ дар роҳҳо аст, ки аксаран дар натиҷаи нодуруст гузоштани воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд меояд.
Мо ба шумо мефаҳмонем, ки ин система чӣ гуна кор мекунад ва онро чӣ гуна бояд пардохт кард.
Татбиқи системаи таваққуфгоҳи пулакӣ дар кӯчаҳои Душанбе тобистони соли 2020 оғоз шуда, он замон аломатҳои таваққуфгоҳи пулакӣ насб карда шуданд.
Аввалин таваққуфгоҳҳо ва дурбинҳои назоратӣ дар роҳи рӯ ба рӯи идораи марказии ширкати Tcell ва кӯчаи М.Турсунзода (наздикии Боғи Куруши Кабир) насб карда шуданд.
Баъдан, соли 2023 дар дигар манотиқи маркази Душанбе аломатҳои таваққуфгоҳи пулакӣ насб шуданд. Дар кӯчаҳо ихтиёриён кор мекарданд, то ронандагонро аз зарурати пардохти таваққуфгоҳ огоҳ кунанд.
Моҳи ноябри соли гузашта порлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва консорсиуми сармоягузорони бо иштироки ҶДММ “Нет Солюшнз” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк” дар бораи татбиқи Лоиҳаи “Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, нуқтаҳои барқгирӣ ва автоматикунонии системаи баҳисобгирии қонуншикании ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тасдиқ кард.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода зимни муаррифии лоиҳа қайд кард, ки барои татбиқи Лоиҳа ба маблағи то 10 миллион доллар сармоя ҷалб карда мешавад.
Ба гуфтаи вай, ин таҷриба барои татбиқи иқтисоди “сабз” дар соҳаи нақлиёт, фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи мошинҳои барқӣ дар ҷумҳурӣ замина мегузорад.
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар чанд ҷойи шаҳр, ки бетартибии таваққуфи нақлиёт бештар ба назар мерасад, ҷойгир хоҳанд шуд.
Масалан, дар хиёбони Рӯдакӣ, сар карда аз назди меҳмонхонаи “Душанбе” то вокзали роҳи оҳан дар ду тарафи роҳ.
Инчунин, дар рӯ ба рӯи “Олами китоб” (мағозаи “Gelos”), дар кӯчаи М.Турсунзода – атрофи Боғи “Куруши Кабир”, дар кӯчаи Валаматзода – аз назди ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур то корхонаи “Ёқут-2000” ва дигар ҷойҳои шаҳр, ки бо нишонаву лавҳаҳои иттилоотӣ қайд карда шудааст, таваққуфгоҳи пулакӣ ташкил мешаванд.
Ҳамаи нуқтаҳоеро, ки таваққуфгоҳи пулакӣ ҷойгиранд, дар сомонаи neru.dc.tj ва барномаи мобилии Neru дидан мумкин аст. Инчунин, дар он ҷо дидан мумкин аст, ки барои маъюбон чӣ қадар ҷой ҷудо карда шудааст.
Дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар шаҳри Душанбе гузоштани мошинҳо барои як соат 3 сомониро ташкил медиҳад.
Маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, инчунин мошинҳои ҳолатҳои фавқулодда бо аломатҳои махсус (сӯхторхомӯшкунӣ, милиса, ёрии таъҷилӣ ва ғайра) метавонанд аз таваққуфгоҳҳои пулакӣ ройгон истифода баранд.
Аммо шахсони маъюб метавонанд танҳо дар ҷойҳои махсуси таваққуфгоҳ, ки бо аломати 7.17. ишора шудааст метавонанд автомобили худро гузоранд. Камаш 10%-и ҳар як таваққуфгоҳи пулакӣ барои онҳо ҷудо карда шудааст. Дигар ҷойҳои таваққуфгоҳ дар асоси пардохти умумӣ истифода мешавад.
Давомнокии гузоштани воситаи нақлиёт дар таваққуфгоҳи пулакӣ аз лаҳзаи ворид шудан ҳисоб карда мешавад, ба истиснои 10 (даҳ) дақиқаи ройгони пешбинишуда.
Пас аз 10 дақиқаи ройгон, соҳиби мошин бояд вақти истифодаро пардохт кунад ва муҳлатро нав созад.
Дар таваққуфгоҳҳои пулакӣ ҳисобкунии маблағ (тарофа) аз лаҳзаи ба таваққуфгоҳ ворид шудани воситаи нақлиёт (ба истиснои вақти истифодаи ройгон) оғоз гардида, анҷоми он барои ҳар 1 (як) соат ҳисоб карда мешавад.
Истифодаи таваққуфгоҳ барои камтар аз 60 дақиқа як соати пурра ҳисоб карда мешавад.
Дар кабинети инфиродӣ дар замимаи CityParking ё дар сомонаи https://www.cityparking.tj/, ки қаблан дар он ҷо сабти ном шудаед.
Системаи пардохт пурра автоматӣ шудааст.
Шумо метавонед барои пардохт паркомат (терминали қабули пардохт барои таваққуфгоҳ)-ро истифода баред:
Аз соҳиби воситаи нақлиёт дар ҳолатҳои зерин ҷарима ситонида мешавад:
Ҷаримаҳоро метавон дар сомонаи www.cityparking.tj тафтиш кард.
Инчунин бо истифода аз сомонаи www.cityparking.tj ҷаримаҳоро пардохт кардан мумкин аст.
Дар сурати напардохтани ҷарима бо истифода аз блокиратор метавонанд ҳаракати воситаи нақлиёти ҷаримашударо маҳдуд кунанд ё онро ба ҷаримагоҳ баранд.
Читайте также
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
1 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
5 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
5 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
6 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
6 дня назад