logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Душанбе рӯзҳои истироҳат барфи аввал меборад

Маълумоти муфассал дар бораи обуҳаво дар минтақаҳои Тоҷикистон барои рӯзҳои истироҳат.

Your tj

12:1806.12.2024

Дар Душанбе рӯзҳои истироҳат барфи аввал меборад

Дар Тоҷикистон рӯзҳои 7-8 декабр ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, борон ва барф меборад. Дар минтақаҳои кӯҳии кишвар бориши барф шадидтар мешавад.

Дар роҳҳои кӯҳӣ барфи баланд борида, яхбандӣ мешавад, инчунин фаромадани меғ пешгӯӣ карда мешавад, хабар медиҳад КҲФ бо истинод ба Маркази обуҳавошиносии кишвар.

Ҳамин тавр, рӯзи шанбе ҳарорат дар Душанбе рӯзона 6-8 дараҷа гарм шуда, шабона то 0 дараҷа поин меравад. Рӯзи якшанбе бошад, дар пойтахт боридани борону барф дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи шанбе ҳаво рӯзона то +9 дараҷа мешавад, аммо рӯзи якшанбе дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад.

Дар вилояти Суғд рӯзи шанбе ҳаво хушк ва то 6 дараҷа гарм, аммо шабона каме хунук мешавад. Рӯзи якшанбе борону барф меборад.

Ҳаво дар вилояти Хатлон рӯзи шабе рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи якшанбе ҳаво тағйир ёфта, боридани барф пешбинӣ мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 7 декабр ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят - 2-13 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзи 8 декабр дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ боридани барф пешгӯӣ шуда, дар ноҳияи Дарвоз борону барф меборад. Дар шарқи вилоят шабона ҳарорат то 40 дараҷа хунук ва рӯзона то 13 дараҷа хунук мешавад.

️КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат ба роҳҳои кӯҳӣ нараванд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифодаи гармкунакҳо ва оташдонҳо қатъиян риоя кунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ