Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:4723.05.2025
Мухтор Заргаров, яке аз ду собиқадори дар қайди ҳаёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе, дар синни 104-солагӣ даргузашт. Дар ин бора "Паёми Душанбе" бо такя ба Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати пойтахт хабар медиҳад.
Заргаров 29 апрели соли 1921 ба дунё омада, соли 1942 ихтиёран ба фронт рафтааст. Ӯ ҳамчун пулемётчӣ дар муҳорибаҳои шадиди Курск, инчунин дар амалиётҳои ҷангӣ дар Беларус, Украина ва Лаҳистон иштирок кардааст ва Иди Ғалабаро дар Кёнигсберг (ҳоло Калининград) ҷашн гирифтааст.
Пас аз анҷоми ҷанг ӯ ба Тоҷикистон баргашта, дар сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ-барқии Варзоб ва Хуҷанд ва барқарорсозии Қалъаи Ҳисор саҳм гузоштааст. То охири умраш дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиндагӣ кардааст.
Бо даргузашти Заргаров, дар шаҳри Душанбе танҳо як собиқадори ҷанг — Бозор Нағзибеков боқӣ мондааст. Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорон, феълан дар саросари кишвар ҳамагӣ 16 куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд. Аз ин шумора 8 нафар дар Хатлон, 5 нафар дар ВМКБ, 2 нафар дар Суғд ва 1 нафар дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.
Муаллифи Your.tj чор сол қабл бо Мухтор Заргаров суҳбат карда, дар бораи иштироки ӯ дар ҷанг ва ҳаёти беш аз якасраи ӯ навишта буд.
Ин қиссаро дар ин ҷо хонда метавонед.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
9 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад