Минбаъд “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” аз волидайне, ки “аз уҳдаи тарбияи фарзанди худ баромада наметавонанд”, кӯдак гирифта, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ ҷойгир карда мешавад, менависад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Ба навиштаи ин ниҳод, “бо мақсади тарбияи дурусти наврасон милитсия” фаъолиятро дар ин самт дучанд намудааст.
Раёсат аз як ҳолате хабар дода мегӯяд, як ноболиғи 15-сола сокини шаҳри Душанбе бо ҳалномаи Суди ноҳияи Сино тибқи моддаи 73 Кодекси оила аз модараш гирифта, дар Муассисаи махсуси таълимӣ ҷойгир карда шудааст.

Ин ниҳод менависад, ки банди мазкури ин кодекс гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин тадбир метавонад “дар таълиму тарбияи наврас мусоидат намояд”.
Гуфта мешавад, ин ноболиғ барои содир намудани дуздӣ ва мунтазам машғул шудан ба оворагардию талбандагӣ, дастгир карда шудааст.
“Санҷиши кормандони самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт муайян намуд, ки модари ноболиғ Суфиева Манзура дар таълиму тарбияи фарзанди худ бемасъулиятии ҷиддӣ зоҳир намуда, ӯро ба оворагардию талбандагӣ маҷбур сохтааст”,- иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар пойтахт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024, қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” иваз карда шуд.
Тибқи ин тағйирот масъулияти тарбияи фарзанд на танҳо ба дӯши падару модарон, балки ба зиммаи омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ низ гузошта шудааст.