Дар Душанбе як зани роҳрӯбро мошин пахш кардааст

Дар Душанбе як ронанда зани роҳрӯбро пахш кардааст. Зани 54-сола аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ҳодиса шаби 2-юми март, тахминан соати 20:30 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Estima, А.М. -и 69-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Бухоро ба самти хиёбони Рӯдакӣ, дар рӯбарӯи тарабхонаи “Антепхан” пиёдгард Идимоҳ Ятимоваро, ки роҳро мерӯфт, пахш кардааст.

Дар натиҷа, Ятимова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда ба беморхона дастрас мешавад, вале худи ҳамон рӯз дар беморхона ба ҳалокат  расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Skip to toolbar