Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:5005.03.2025
Дар Душанбе як ронанда зани роҳрӯбро пахш кардааст. Зани 54-сола аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳодиса шаби 2-юми март, тахминан соати 20:30 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Estima, А.М. -и 69-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Бухоро ба самти хиёбони Рӯдакӣ, дар рӯбарӯи тарабхонаи “Антепхан” пиёдгард Идимоҳ Ятимоваро, ки роҳро мерӯфт, пахш кардааст.
Дар натиҷа, Ятимова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда ба беморхона дастрас мешавад, вале худи ҳамон рӯз дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад