logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Душанбе як ронанда кӯдакро пахш карда гурехтааст

Духтарак бар асари ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Your tj

12:1714.04.2025

Дар Душанбе як ронанда кӯдакро пахш карда гурехтааст

Як ронандаи “Опел” дар Душанбе кӯдаки хурдсолро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст. Духтарак бар асари ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар пойтахт.

Ҳодиса рӯзи 12-уми апрел, дар маҳаллаи Дарвози ноҳияи Фирдавсӣ рух додааст.

“Ронандаи “Опел” Эгамбердӣ Рузимов ҳангоми идораи нақлиёт дар кӯчаи мазкур бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, хурдсол Давлатова Р.-ро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид”,- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

1 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

1 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

3 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ