Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2728.04.2026
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе як корманди мақомоти давлатӣ бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шудааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбат ба Наҷмудинзода Д.А., ки дар раёсати заминсозии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и пойтахт ҳамчун мутахассис фаъолият мекардааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Тафтишот муайян кардааст, ки гумонбар соли 2025 барои омода ва расмикунонии ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як шаҳрванд 20 ҳазор сомонӣ талаб ва гирифтааст. Дар ҳоле ки, тибқи маълумоти расмӣ, маблағи муқарраршудаи пардохти давлатӣ барои чунин хизматрасонӣ тақрибан 1000 сомониро ташкил медиҳад.
Назари худи гумонбар ба иттиҳоми эълоншуда то ҳол маълум нест.
Мақомоти зиддикоррупсионӣ мегӯянд, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон масъалаи ғайриқонунӣ ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузории замин чандин маротиба мавриди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, ҳолатҳои боздошти мансабдорон дар ин самт мунтазам сабт мегардад.
143 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
3 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
7 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
10 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
10 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
11 дня назад