logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Душанбе як хонандаи мактаб дар ҷанҷоли наврасон ба ҳалокат расида, як тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштааст

Навраси кушташуда хонандаи синфи даҳуми мактаби №78 будааст, ки ҷасадашро танҳо субҳи рӯзи дигар пайдо кардаанд

Your tj

15:2411.11.2025

Дар Душанбе як хонандаи мактаб дар ҷанҷоли наврасон ба ҳалокат расида, як тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштааст

Ҳодиса шоми 9 ноябр дар ҳудуди микроноҳияи 65, наздикии мактабҳои миёнаи №77 ва №78 рух додааст. Дар занозанӣ хонандагони чанд мактаб иштирок доштаанд.

Яке аз наврасони маҷрӯҳро ронандаи таксӣ, ки аз он ҷо мегузашт, дида, ба беморхона расондааст. Гуфта мешавад, ӯ ҳоло дар беморхона қарор дорад ва вазъи саломатиаш ниҳоят вазнин аст.

Ин наврас қаблан дар мактаб таҳсил мекардааст ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ донишҷӯи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ мебошад.

Як навраси дигар, ки хонандаи синфи даҳуми мактаби №78 будааст, ҷасадашро танҳо субҳи рӯзи дигар пайдо кардаанд. Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки яке аз гумонбарон, ки низ хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳоло бо хонандагони ин мактабҳо суҳбатҳои профилактикӣ бо иштироки намояндагони прокуратура ва милиса гузаронида мешаванд. То ҳол ягон маълумоти расмӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ дар бораи ин ҳодиса нашр нашудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ