Дар Душанбе фурӯши маҳсулоти арзон баргузор мегардад

Дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор фурӯхта мешавад.


Ярмарка дар Душанбе

Дар Душанбе рӯзҳои 15-16-уми июл ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад. Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки дар ин ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор фурӯхта мешавад.

15-уми июл дар Боғи “Хайём” маҳсулоти кишоварзони Панҷакент, дар “Боғи кӯдакон” маҳсулоти кишоварзони Ашт ва дар боғи “Куруши Кабир” маҳсулоти деҳқонони шаҳри Норак ба намоишу фурӯш гузошта мешавад.

16-уми июл дар “Боғи Ирам” кишоварзони шаҳри Исфара, дар боғи “Кӯли ҷавонон” кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ва дар боғи “Алишери Навоӣ” кишоварзони ноҳияи Хуросон маҳсулотҳои худро ба фурӯш мегузоранд.

Нархи 1 кг картошка 4-4,50 сомонӣ, пиёз 1,80-2 сомонӣ, сабзӣ 3 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов 55 сомонӣ, 30 дона тухм 27 сомонӣ, мева аз 2 то 5 сомонӣ, 1 дона тарбуз 10-12 сомонӣ, 5 литр равған 65 сомонӣ ва як халта орд (50 кг) – 210 сомонӣ муайян шудааст.