fbpx

Дар Душанбе Фестивали картошка барпо мегардад. Акнун нархи он поён мешавад?

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Акс аз сомонаи khovar.tj

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар як сӯхторе дар Москва

Дар сӯхторе дар маркази Москва як шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтааст. Аз ӯ ном бурда намешавад. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр рӯй дод.

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон ва шаш нафари дигарро, ки ба иттилои расонаҳо, атбои Русия ҳастанд, аз зери боқимондаҳои бинои оташгирифта дар Москва берун оварданд.

Масъулони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтанд, бинои хиштии дуошёна дар маркази Москва рӯзи 20-уми ноябр сӯхт.

Дар он бино мағозаи ҷевонҳо, асбоби барқӣ ва анбори гулҳо ҷойгир будааст. Майдони умумии сӯхтор 2500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мақомоти Русия дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Афзоиши муҳоҷирон аз ҳисоби занони тоҷик давоми 12 соли охир

Моёншо Маҳмадбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни як барнома дар “Internews дар Тоҷикистон” гуфтааст, назар ба соли 2010 муҳоҷирати меҳнатӣ дар 9 моҳи соли 2022 коҳиш ёфта, вале сафи занҳои муҳоҷири тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.

Ӯ гуфтааст, аз Тоҷикистон дар соли 2010 – 736 ҳазору 466 нафар (79 ҳазору 632 нафар зан) муҳоҷир буданд ва ин нишондод дар 9 моҳи соли 2022 ба 534 ҳазору 258 нафар (92 ҳазору 826 нафар зан) расид.

Ба гуфтаи Маҳмадбекзода, дар даҳсолаи ахир омори аз ҳама баланд дар робита ба муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2013 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 799 ҳазору 699 нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногун муҳоҷир шудаанд ва аз ин теъдод 100 ҳазору 875 нафар занон дониста мешаванд.

Аммо омори аз ҳама баланд вобаста ба муҳоҷирати занон дар соли 2014 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 106 ҳазору 416 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти кишварҳои “Осиёи марказӣ + Русия” дар шаҳри Остона бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки ҳамасола беш аз 2 млн нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. Ӯ афзуда буд, аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор нафарашон муҳоҷири меҳнатӣ буда, 140 ҳазор нафари боқимонда “ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд”.

Дар Душанбе Фестивали картошка барпо мегардад. Акнун нархи он поён мешавад?

Дар Душанбе нахустин бор Фестивали картошка баргузор мешавад. Дар доираи он 26 ноябр дар бозори Меҳргони пойтахт намоишу фурӯши картошка ва усулҳои пухтани ғизо аз ин навъи баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, қарор аст, дар ин ҷашнвора картошкапарварон аз манотиқи ҷумҳурӣ ширкат кунанд.

Онҳо ба сокинону мехмонони пойтахт навъхои бехтарини картошкаро пешкаш мекунанд.

Баргузории Фестивали картошка ва роҳҳои пухтани ин маҳсулоти кишоварзиро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дар нимаи моҳи ноябр баён дошт.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, имсол дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст.

То 18 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 821 ҳазору 340 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 181 тонна бештар аст.

Тошиев дар бораи гуфтушунидҳо дар Душанбе “Мо ҳозир забон ёфта истодаем ва ба гузаштҳо омодаем”

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҷараёни гуфтушунид бо Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсии сарҳади давлатӣ изҳори назар кард.

Тавре ки 24.kg хабар медиҳад, Тошиев аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон каме рӯшанӣ андохта, иброз доштааст, ки айни замон баррасии масъалаҳо дар гуфтушунидҳо хуб ҷараён дорад.

“Барои ҳаллу фасли масъалаҳо талош варзида истодаем. Агар пештар инро карда наметавонистему ҳар кас ба фикри худаш истодагарӣ мекард, ҳозир забон ёфта истодаем. Ба гузаштҳо омодаем. Мо пешниҳод карда истодаем, ки шумо ин қитъаи заминро гиред, мо инашро”, – хабар додааст Тошиев.

Раиси КДАМ Қирғизистон илова намудааст, ки ояндаи наздик як ҳайати сершумори Тоҷикистон ба Бишкек меояд.

“Баъд ба мувофиқасозӣ оғоз намуда, созишнома имзо мекунем, Сипас ба Жогорку Кенеш (парлумон) пешниҳод ва баррасӣ мекунем, вакилон санадро тасдиқ карда, сарони кишварҳо ба имзо мерасонанд. Мушкили ҳар ду кишвар ҳал мешавад”, – хулоса кардааст Тошиев.

Бино ба маълумоти КДАМ ҶТ, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир –  Раиси КДАМ Қирғизистон ҷаласаи навбатӣ оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои он санади дахлдор ба имзо расид. Дар бораи ҷузъиёти ҷаласа хабар дастрас набуд.

Ҳамчунин чанде пеш Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон ваъда дода буд, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мешавад.

“Худо хоҳад, масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳал мекунем. Агар монеа набошад, то Соли нав тамом мекунем. Мо бояд бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо ҳамсарҳадем, дар ҳамфикрӣ ва дӯстӣ зиндагӣ кунем. Ягон шаҳрванд ва сарбоз набояд кушта шавад. Пеш аз ҳама, мо бояд дар ин бора андеша кунем”, – изҳор дошта буд сарвари давлати Қирғизистон дар парлумон.

Табрикоти телефонии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати аз нав президенти Қазоқистон интихоб шудани Қосим – Ҷомарт Тоқаев

Имрӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Гуфта мешавад дар рафти суҳбат натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Тоқаевро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Қазоқистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои беназир ба нафъи рушди устувор ва шукуфоии Қазоқистон орзу намуд.

“Алоқамандии тарафайн ба идомаи амалҳои муштарак ҷиҳати таҳкими минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид гардид. Мувофиқа ба даст омад, ки ҷонибҳо якҷоя ҷиҳати омодагирӣ ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба аввали моҳи январи соли оянда рост меояд, чораҷӯӣ менамоянд”,-фазудааст манбаъ.

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҷараёни баланди рушду таъмиқи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлатро таъкид карданд.

Дар поёни суҳбат Президенти Қазоқистон аз Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Қазоқистон дар вақти муносиб даъват кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ Қосим-Жомарт Тоқаевро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 20-уми ноябр, дар Қазоқистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Барои мақоми раҳбари давлат шаш номзад мубориза бурданд, ки ба андешаи коршиносон аксари онҳо чеҳраҳои ношинос буданд.

Тибқи натиҷаи пешакӣ президенти феълии кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаеви 69-сола дар интихоботи президентии Қазоқистон бо касби аксари кулли оро пирӯз шуд.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев соли 2019 президенти Қазоқистон шуд ва дар ин мансаб Нурсултон Назарбоев, ки 28 сол раҳбарии кишварро бар ӯҳда дошт, иваз намуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend