Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:3008.04.2025
Аз 14 то 21-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар дод.
Гуфта мешавад, ин фестивал бахшида ба 35-умин солагарди Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади “рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон” гузарониа мешавад.
Ба иттилои вазорат мросими ифтитоҳи озмун 14-уми апрел, соати 17:30 ва ҷамъбасти он 21-уми апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Дар он 18 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин намоишномаҳоеро, ки тӯли солҳои 2023-2024 рӯи саҳна овардаанд, дар театрҳои пойтахт ба намоиш мегузоранд.
“Интихоби мавзуъ озод аст, аммо афзалият ба асарҳое дода мешавад, ки дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, муқовимат бо фасод, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро тараннум мекунанд”,- гуфта мешавад дар низомномаи фестивал-озмун.
Мувофиқи низомнома, шумораи иштироккунандагон аз ҳар як театр набояд аз 15 нафар зиёд бошад.
Фестивал-озмунро аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда, коршиносони соҳаи театр аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон баҳогузорӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар доир мегардад.
Дар охирин фестивали “Парасту” дар соли 2025 бархе ҳунармандон ба шаффофияти баҳогузории доварон ва натиҷаҳои озмун эътироз карда буданд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
2 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
5 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
5 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад