Милитсияи пойтахт ду нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардааст. Онҳо либоси низомӣ пӯшида, худро кормандони бозрасӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб маблағҳои гуногун талаб карда гирифтаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз гумонбарон Шарифзода Абдуҷаббор ва Ҷурахонов Ҷумахон ном бурдааст.
Манбаъ менависад, чунин амалҳо ба обрӯ ва эътимоди мардум нисбат ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ латма мезананд. Ҳоло бар асоси маводи ҷамъовардашуда нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Милитсияи Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз ин афрод зарар дида бошанд, ба рақами (+992) 018020202 муроҷиат намоянд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи гузашта низ ВКД аз боздошти се ҷавоне хабар дод, ки худро кормандони милитсия муаррифӣ намуда, дар мошинашон сирена ва “мигалка” насб карда, аз ронандагон маблағ меситониданд.
Ба иттилои ВКД, дар як ҳолат онҳо ҳатто аз як ронанда 950 сомонӣ гирифта, ба духтари ҷавон дастдарозӣ кардаанд.
