Полиси шаҳри Душанбе аз оғози амалиёти шартии “Пиёдагард” хабар дод. Ин амалиёт аз 13-уми апрел оғоз шуда, то 23-юми апрел дар ҳудуди пойтахт идома меёбад.
Ба иттилои мақомот, ҳадафи асосии амалиёт пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва баланд бардоштани сатҳи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар моҳҳои охир шумораи садамаҳо бо иштироки пиёдагардон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Душанбе 44 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 32 ҳолат ба пахш намудани пиёдагардон марбут мебошад. Дар натиҷаи ин садамаҳо 6 нафар ҷон бохта, 26 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват карданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд, фарзандонро аз қоидаҳои бехатарӣ огоҳ созанд ва ҳангоми убури роҳ эҳтиёткор бошанд.








