logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Дар Душанбе Барномаи омӯзишии омори кишоварзӣ доир шуд

Барномаи серӯза, барои рушди ҳамкориҳо дар самти омори кишоварзии Туркияву Тоҷикистон ва афзоиши иқтидори оморӣ равона шуда буд.

Your tj

16:3503.11.2025

Дар шаҳри Душанбе дар ҳамкориҳои Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), Институти омори Туркия (ТУИК) ва Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи омӯзишии омори кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар доираи барномаи мазкур барои кормандони Агентии омори омӯзиш дар мавзуъҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ, истеҳсоли растанӣ, чорводорӣ, ҷангалпарварӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодии бахши кишоварзӣ ва омори нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

Барномаи серӯза, барои рушди ҳамкориҳо дар самти омори кишоварзии Туркияву Тоҷикистон ва афзоиши иқтидори оморӣ равона шуда буд.

[gallery columns="2" size="full" link="file" ids="46143,46145"]

 

Дар маросими супоридани шаҳодатнома, ки дар охири барномаи омӯзишӣ баргузор гардид, консули сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ҳалит Ислам Тари, муовини аввали директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло ва ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал иштирок карданд.

Консули сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ҳалит Ислам Тари ва ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал дар маросим, ба ҳамкориҳои қавии Туркия ва Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин барнома саҳми назаррасе дар рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи омор гузоштааст.

[gallery link="file" columns="2" size="full" ids="46141,46139"]

Муовини аввали директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло, аз ҳамкории рушдёбанда бо Туркия изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки чунин омӯзишҳо дар инфрасохтори омории Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

Интизор меравад, ки ҳамкориҳои Туркияву Тоҷикистон дар бахши омор дар давраи оянда густариш хоҳанд ёфт.

Комментарии (0)

Читайте также

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

3 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

3 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

4 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

4 дня назад

Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад

5 дня назад