Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:0401.04.2026
Аз сокинон ва меҳмонони Душанбе даъват шудааст, ки аз таксиҳои ғайрирасмӣ, ба истилоҳ "10-сомонӣ" истифода накунанд.
Дар ин бора "Душанбенақлиётхадамотрасон" — мақоме, ки барои танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт масъул аст, изҳорот нашр кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳадафи ин талабот "таъмини амнияти ҳаёт ва саломатии мусофирон ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ" мебошад.
Аз шаҳрвандон даъват мешавад, аз таксиҳое истифода баранд, ки рақами давлатии онҳо ранги сабз дошта, рақами иловагии бақайдгирӣ бо ранги зард доранд.
Ниҳод таъкид мекунад, ки фаъолияти таксиҳои пойтахт ба талаботи меъёрӣ мувофиқ буда, онҳо аз муоинаи техникӣ ва ронандагон аз ташхиси тиббӣ мегузаранд.
Барои таъмини амнияти ронандагон ва мусофирон дар ин нақлиётҳо камераҳои назоратӣ насб шудаанд ва раванди хизматрасонӣ назорат карда мешавад.
Қайд мешавад, ки фаъолияти таксиҳои "10-сомонӣ" ғайриқонунӣ буда, ронандагони онҳо андоз пардохт намекунанд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
11 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад