Полиси шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавони 34-сола хабар дод, ки бо зиёда аз 30 ҳолати дуздӣ гумонбар мешавад.
Мақомот аз ин шаҳрванд Ҷаҳонгир Мусоев, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ном бурда, гуфтааст, ки қаблан бо ҷинояти дуздӣ 5 маротиба суд шудааст.
“Пас аз боздошт, як қатор телефонҳои мобилии рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд”,-гуфтааст, полиси пойтахт.
Гуфта мешавад, ки ӯ асосан аз ҷайби шаҳрвандон телефонҳои мобилӣ ва маблағҳои пулӣ тасарруф менамудааст. Дар ҷараёни тафтишот зиёда аз 30 ҳолати ҷиноятии марбут ба фаъолияти ӯ ошкор гардидааст.
Айни ҳол нисбати гумонбар бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мақомоти милитсия аз шаҳрвандон хостааст, ки дар сурати зарар дидан аз амалҳои ин шахс, ба рақами (+992) 018 020 202 муроҷиат намоянд.









